Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид.
Дар кори машварат узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, собиқадорони соҳаи маориф, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр, омӯзгорони фаъол, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъули соҳа иштирок доштанд.
Машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Нахуст, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, суханронии худро бо иқтибос аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои муаззами миллат чунин ироа намуданд: “... то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб рӯ наоварад, миллат дастнигар, хорузор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгуинашаванда боқӣ хоҳад монд.” Бо назардошти ҳамин гуфтаҳо мактабу маориф аз ибтидои соҳибистиқлолии кишвар самти афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор рафта, мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти Олии сиёсии кишвар ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қарор дорад.
Мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Иззатуллоев Идимад оид ба фаъолият, дастовард ва дигар паҳлуи кори соҳаи маорифи шаҳр дар назди ҳозирин ҳисобот доданд.
Сипас сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло баромад намуда, фаъолияти кории шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки новобаста аз ҳама дастовардҳои соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб то ҳол ҳолатҳои содир шудани ҷиноят аз ҳисоби ноболиғон, монеа шудан ба таҳсили наврасон, дур мондан аз таълим дар баъзе мавридҳо ба мушоҳида мерасад. Ҷиҳати ислоҳи ин камбудиҳо моро лозим аст, ки вобаста ба норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ корбариро ҷоннок намуда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар раванди дарсҳо таъмин намоем. Барои бедор кардани ҳисси созандагию бунёдкорӣ ва зебоипарастии хонандагон бино ва саҳни муассисаҳои таълимиро бо гулҳо ва дарахтони ороишӣ оро диҳем. Дар замири хонандагон ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихор аз гузаштаи пурғановати худро тарбия намоем.
Дар охири машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба собиқадорини соҳаи маориф, беҳтарин омӯзгорону мураббиён ва дигар кормандони соҳа, ки тайи солҳои зиёд саҳми худро дар тарбияи насли наврас гузоштанд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ инчунин шаҳодатномаи Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.