Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон ва дароз кардани дасти хайру сахо ба онҳо вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ва шахсони саховатпеша мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон ва оилаҳои ниёзманд дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷонибдорӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад, ки дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорону дигар шахсони хайрхоҳи кишварамон амалӣ карда мешавад.
Ҷиҳати омодагӣ бо соли нави таҳсил имрӯз аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ятимону фарзандони ниёзманд сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд.
Зимни супоридани туҳфаҳо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни суханронии худ иброз намуданд, ки дастгирии моддию маънавии қишри осебпазири ҷомеа аз сиёсати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сарчашма гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мунтазам ниёзмандону оилаҳои камбизоатро ҳар сари вақт кӯмакҳои гуногун мерасонад. Ҷавобан ба ин ғамхорҳои Ҳукумати мамлакат аз насли наврас танҳо хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ талаб карда мешавад.
Дар навбати худ шахсони ниёзманд изҳори сипосу миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид расониданд.