Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб 25 августи соли 2025 ҷаласаи назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, касбӣ ва умумӣ, муассисаҳои тандурустии шаҳр, раисони кумитаҳои маҳал, имомхатибон ва дигар фаъолон иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи зикргардида масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:
1. Оид ба риояи паҳлуҳои алоҳидаи қонунгузорӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб.
2. Гузориши Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб “Оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, илм, сиёсати ҷавонон, зан ва оила”
3. Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода дар вохӯрӣ бо кормандон ва собиқадорони Шабакаҳои барқии шаҳру минтақаи Кӯлоб санаи 22.08.2025
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки баҳри амалигардии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид корбарию коргузориро боз ҳам ҷоннок созем, то ба рушду пешрафт ноил шавем.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, гирифтани пеши роҳи қонуншиканиву ҳуқуқвайронкуниҳо, мубориза алайҳи ҷиноятсодиркунӣ судяи суди шаҳри Кӯлоб Алимзода Шодӣ ба сухан баромада иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи маорифи кишвар зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Новобаста аз дастовардҳои соҳаи мазкур то ҳол ҳастанд ҳолатҳои ба таҳсили фарзандон монеа шудани падару модар, содир шудани ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон, бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд ва ғайраҳо. Вобаста ба пешгирии ин омилҳо ҳамаи мо аҳли ҷомеа, зиёиён, олимон, омӯзгорону донишмандонро лозим аст, ки насли наврасро дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон тарбия намоем.
Дар идома прокурори шаҳри Кӯлоб Ғанизода Мансур вобаста ба дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои сулҳу оромии ватан ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта гузаштанд. Ҳамзамон иброз доштанд, ки мо дар арафаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва бояд ҳар як нафар, новобаста дар кадом мақом кору фаъолият менамояд, саҳмгузор бошад ва фарзандони содиқи ватанро барои ҳимояи марзу буми кишвар ва модар ватан сафарбар намоем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятсодиркунандагон нафароне мебошанд, ки аз мактаби бузурги Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нагузаштаанд ва хизмати Модар-Ватанро адо накардаанд.
Тайи чанд соли охир баъзан масъалаҳое ба вуҷуд омада истодааст, ки баҳри ноустувории ҷомеа ва амнияти ҳар кишвари тозаистиқлол, ба хусус кишвари мо заминагузор мебошад. Баъзе ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки барои паҳн намудани ақидаҳои бардурӯғи хеш ва дар амал татбиқ намудани мақсадҳои нопоки худ аз техника ва технологияи муосир истифода менамоянд, ки инро дар замони муосир бо номи терроризми интернетӣ мешиносанд. Барои аз байн бурдани ин амали номатлуб, яъне терроризми интернетӣ, бояд тамоми шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ноболиғон саъю талош намоянд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, истифодаи бамавриди интернет ва шабакаҳои интернетиро ба роҳ монем, то ки фирефтаи ҳар ҳизбу гурӯҳҳои террористӣ нагардем.
Сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб Ҳайдарзода Шералӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки имрӯзҳо дар вилояти Хатлон хосатан шаҳри Кӯлоб тамоми шароит барои аз худ кардани илмҳои замони муосир ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли созанда дар тамоми муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст, ки ин ҳам аз дастгириҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба даст омадааст. Тамоми муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеаро лозим аст, ки барои дар шароити хуб таҳсил намудани фарзандон оиди бехатарии ҳаракат дар роҳ, бехатарии маводҳои хӯрока дар муассисаҳои таълимӣ, ҳолати бехатарии муассисаҳо чораҳои зарурӣ андешем.
Сипас, муовини раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб “Оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, илм, сиёсати ҷавонон, зан ва оила” Саймуминзода Фируз баромад намуда, камбудиҳое, ки зимни санҷиши гуруҳи вакилӣ муайян карда шуд, ба саҳми ҳозирин расониданд.
Камбудиҳои дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти шаҳри Кӯлоб ҷойдошта аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба муҳокимаи ҳозирин гузошта шуда, дар худи ҷаласа роҳи ҳали худро ёфтанд. Ин бори дигар аз мавқеи аввалиндараҷа доштани соҳаи маориф дар сиёсати имрӯзаи давлату миллати мо гувоҳӣ медиҳад.
Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода дар вохӯрӣ бо кормандон ва собиқадорони Шабакаҳои барқии шаҳру минтақаи Кӯлоб санаи 22.08.2025 сардори Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб Ибодзода Шавқат ба сухан баромада, иттилоъ доданд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар ҷаласа баёнгардида тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Ҳамзамон вобаста ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 омодагиҳо рафта истодааст.
Ҳамчунин раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр фаъолияти ҳамаи соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саривақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосили пахта, сарфаю сариштакорона истифода намудани қувваи барқ, пурра пардохт намудани маблағҳои хизматрасониҳои коммуналӣ аз ҷониби ташкилотҳои буҷетӣ ва сокинонро муҳокима намуда, аз шахсони масъул камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро пурсон шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супориш ва тавсияҳои мушаххас доданд.