Бовар дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд.
Шумо бояд доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед…
Эмомалӣ Раҳмон
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи тиб
маҷлиси тантанавӣ баргузор карда шуд.
Дар маҷлиси тантанавӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри
Кўлоб, муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, мудири бахши Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои
минтақаи Кӯлоб Ғаюров Садриддин, табибону ҳамшираҳои тиббии беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру деҳоти Кўлоб ва минтақаи Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту
муассисаҳои шаҳрӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонону иштирокчиёничорабинӣ аз намоиши китобҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намунаи дастурҳои таблиғотии тиббӣ, дастовардҳои марказҳои саломатӣ дидан намуданд.
Маҷлиси тантанавиро муовини раиси шаҳри Кӯлоб сарпарасти соҳа Даминзода Арафамо кушода, меҳмононро муаррифӣ намуданд.
Сипас раиси шаҳриКўлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода
Бахтиёр Худоёр, ба сухан баромада, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли табибониТоҷикистонро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуданд. Саломатии инсонро давлати бузург ва қиматтарин дороӣ
барои ҳар як шахс унвон дода, табибонро ҳифзкунандаи ин ганҷинаи пурқимматмешуморанд. Аз хизматҳои бесобиқаи Абуалӣ ибни Сино ёдовар гардида, осори гаронбаҳои ин нобиғаи миллати тоҷикро ифтихори кулли тоҷикон ҳисобиданд. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат рушди соҳаи тандурустӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи