“Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери роҳбарии Усмоналӣ Усмонзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти судманди комиссияи доимамалкунанда вобаста ба масъалаҳои пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ, кам кардани талафоти он ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда баргузор гардид.
Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, намояндагони Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, Кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, амнияти миллӣ, Шӯрои амният, Палатаи ҳисоб, Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати давлатии энергетикӣ, Агентии омор, ҶСК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, раисони шаҳру ноҳия, роҳбарони ҷамоатҳои деҳоти минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.
Мақсади асосии вохӯрӣ татбиқи самараноки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва фаҳмондани муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба “Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир ба ин самтҳо арзёбӣ гардид.
Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти энергетикӣ, бо вуҷуди мавҷуд будани баъзе мушкилот, самаранок амалӣ шуда истодааст. Вале татбиқи пурраи он танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки тамоми ниҳодҳои дахлдор ва худи ҷомеа масъулиятшиносӣ нишон дода, дар риояи қонунгузорӣ саҳми худро гузоранд.
Усмоналӣ Усмонзода, муовини Сарвазири мамлакат дар ҷамъбасти вохӯрӣ зикр карданд, ки танзими дурусти истифодаи неруи барқ танҳо бар дӯши мақомоти энергетикӣ набуда, ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахшҳои молиявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст, то назорат, ҳисоббаробар кунӣ ва масъулияти истифодабарандагон таъмин гардад.