“Оила ниҳоди асоси ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи солимии зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Оила рукни табиӣ ва асосии ҷамъият буда, нахустин мактаб ва ҷойи аслии тарбия аст. Махсусан оилаҳои соҳибмаърифату матинирода ваҳамсарони вафодору самимӣ дар ҷомеа мақоми шоиста дошта, баҳри тарбияи насли солиму ояндасози миллат саҳми арзанда гузошта, ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
озмунҳои гуногун аз қабили “Беҳтарин ҳамсар”, “Фарзанд-боғи падару модар”, “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”, “ ”
баргузор гардида истодааст.
Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон низ даври шаҳрии озмунҳои болозикр баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Дар маросими ҷамъбати озмунҳои “Беҳтарин ҳамсар”, “Фарзанд-боғи падару модар”, “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”, “Пухтупази таомҳои миллӣ ва тарзи дуруст оростани дастархон” муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳри Кӯлоб Ҳайдарова Назира, собиқадорон, занону бонувони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.
Ҳайати комиссияи шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ “Беҳтарин ҳамсар”, “Фарзанд-боғи падару модар”, “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”, “Пухтупази таомҳои миллӣ ва тарзи дуруст оростани дастархон” шахсони зеринро ғолиб дониста барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат доданд:
1. “Беҳтарин ҳамсар” – Наботов Муҳаммадёқуб
2. “Фарзанд-боғи падару модар”- Ҳасанова Малика, барандаи шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ
китоб аст”
3. “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”- оилаи ҳунарманд Ҳайдаров Саиднодир, усто ва навозандаиасбобҳои мусиқӣ.
4.“Пухтупази таомҳои миллӣ ва тарзи дуруст оростани дастархон ”- Наимова Назира, ҳунарманд.
Сипас, баҳри болидахотирии иштирокчиён дастагули суруду таронаҳои дилнишини шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб пешкаши ҳозирин гардонида шуд.