Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Сохтани нақбҳову пулҳои мошингузар, таъмиру азнавсозии роҳҳои аҳамияти байналмиллаливу мумфаршгардонии роҳҳои дохилӣ пайваста зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, зеро ки маҳз роҳҳои обод омили рушди асосии ҳар як шаҳр, ноҳия ва деҳаву маҳҳала ба шумор меравад.
Дар партави ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб корҳои созандагиву ободонӣ вусъат ёфта истодааст.
Бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Тоҷикистони азиз сокинони шарафманду баору номуси Кӯлобшаҳри бостонӣ дар қатори сохторҳои марбута бо масъулияти баланди ватандӯстӣ ба созандагию бунёдкорӣ машғул ҳастанд. Дар доираи ҳамин тадбирҳо бо ҷалби соҳибкорони ватандӯст ва сокинони саховатманд 1500 метр роҳи дохили деҳаи Хонаобод мумфарш гардида, айни замон корҳои мумфаршгардонӣ дар роҳи байни деҳаҳои Хонаобод ва Таниёл бо суръати баланд рафта истодааст.
Имрӯз роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз рафти корҳои мумфаршгардонӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ба мутахассисон дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Сокинон ин иқдомҳоро нишонаи рӯшани ваҳдату ҳамдилӣ ва самараи сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат ва роҳбарияти вилояти Хатлон арзёбӣ мекунанд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб