Пахта боигарии асосии кишварамон маҳсуб шуда, солҳои охир ҷиҳати афзун намудани истеҳсолоти он аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳа таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон фароҳам овард, ки замин соҳиби аслии худро пайдо намояд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон аз 14.08.2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар Бурҳон ва аъзоёни гуруҳи вилоятӣ дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ бо аъзоёни гуруҳҳои кории шаҳр, ки бо амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 4.08.2025 №120 тасдиқ гардидааст вохӯрӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини якуми раиси шаҳр, сардори Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раиси Кумитаи идораи замини шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардори раёсати омор, сардори нозироти андози шаҳр, роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунии шаҳр, роҳбарони гуруҳҳои кории шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот, раисони хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор иштирок доштанд.
Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб меҳмононро барои ташриф овардан ба шаҳри Кӯлоб хайрамақдам намуда, суханро барои идомаи ҷаласа ба муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Музаффар доданд.
Мақсад аз вохӯрӣ бо аъзоёни гуруҳҳои корӣ ин саривақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2025, супоридан ба корхонаҳои пахтатозакунӣ, пардохти андозҳо ва ба ҳисоботҳои оморӣ ворид намудани ҳосили пахта, пардохти ҳаққи пахтаи истеҳсолшуда ба шумор мерафт.
Зимни суҳбат муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Музаффар аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор ҷиҳати парваришу ҳосили пахта, сари вақт таъмин будан бо оби полезӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа натиҷагирӣ намуда, масъулини соҳаро барои иҷрои нақшаи кишти пахта вазифагузорӣ намуданд.
Дар навбати худ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб меҳмононро бовар кунонданд, ки то охири сол дурнамои истеҳсоли пахта ба пуррагӣ иҷро гардида, ҳисоботҳои оморӣ низ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карда мешаванд.
Дар интиҳои ҷаласа, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ба меҳмонон ҷиҳати таҳлилҳои амиқ ва корбарии доимӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд намуданд, ки барои амалӣ намудани он ҳама дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чораҳои зарурӣ андешида, барои ноил шудан ба дастовардҳо дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти миллии шаҳру деҳоти Кӯлоб тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳем.