Ғамхорӣ кардан вапайваста кумаку дасти ёрӣ дароз намудан ба қишри ниёзманди аҳолӣ, махсусан,
маъюбону барҷомондагон, шахсони камбизоат, ятимон ва оилаҳои муҳтоҷ яке азсамтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсуб меёбад.
Бо мақсади кӯмак ва дастгирӣ намудани ин қишри аҳолӣ дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҳар иду айёмҳои милливу давлатӣ афродимаъюбу барҷомонда, камбизоат, ятим ва беморон аёдат ва аҳволпурсӣ карда шуда,
дар ҳаққи эшон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Хурсандиовар аст,ки дар ҳошияи таъкидҳои пайвастаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯзҳо
ин анъана дар шаҳри Кӯлоб ба одати муқаррарӣ табдил ёфтааст. Мардони баору номуси шаҳри Кӯлоби бостонӣ дар доираиимкониятҳои худ ба ҳамватанон дасти кӯмак дароз мекунанд.
Дар доираи
нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба истиқболиҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Бахтиёр Худоёр бакормандони Муассисаи давлатии
хоҷагии комунналӣ, Корхонаҳои давлатии фаръию ниҳолпарварӣ, кабудизокунӣ ваистеҳсолию истифодабарии манзили шаҳри Кӯлоб кӯмак расонида шуд.
Лозим ба ёдоварист,
ки кормандони муассисаҳои зикргардида аз кӯмаки навбатӣ болидахотир гашта,барои ғамхориҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба Раиси шаҳри Кӯлобмуҳтарам Назарзода Бахтиёр миннатдории худро баён карданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и
шаҳри Кӯлоб