Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилон, муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Иҷлосияи мазкур бо садододани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар кори иҷлосияи ғайринавбатӣ масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:
1. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии №19.
2. Дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии №19 ба ҷойи вакили хориҷшуда.
3. Дар бораи таъсиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳриКӯлоб ба ҷойи вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №19
4. Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қарори Маҷлисивакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз 13 декабри соли 2025, №520 “Дар бораи буҷети маҳаллии шаҳри Кӯлоб барои соли 2025”
5. Оид ба гузоришҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб.
6. Масъалаҳои ҷорӣ
Дар Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони
халқи шаҳри Кӯлоб даъвати ҳафтум раиси шаҳри Кӯлоб, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба сухан баромада, масъалаҳои
рӯзномаи маҷлисро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бинобар сабаби ивази ҷойи кор ва макони зист ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи интихоботии №19 Азиззода Зубайдулло пеш аз муҳлат қатъ карда шуда, дар ҳавзаи зикргардидаинтихобот таъин карда шуд.
Зимни баргузории иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони шаҳри Кӯлоб роҳбарияти шаҳр суханронӣ намуда,иброз доштанд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомали Раҳмон вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро мебояд ҷиҳати зиёднамудани корҳои ободониву созандагӣ, таъмини тозагиву ободии маҳал, тақвият