Дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб 11 августи соли 2025 ҷаласаи назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳираиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис,
роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбароникорхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои тандурустии шаҳр ва дигар фаъолон иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи зикргардида масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:
1. Масъалаи ташкилӣ
2. Оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои
протоколии маҷлиси назди раиси шаҳр аз 4.08.2025
3. Оид ба омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон
4. Гузаронидани таҳлили фаъолияти соҳибкорон дар бозорҳо, марказҳои савдо, нуқтаҳои сӯзишворӣ
оид ба савдои электронӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ.
5. Масъалаҳои ҷорӣ.
Сараввал, раиси шаҳри КӯлобНазарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки баҳри амалигардиии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбарию коргузориро боз ҳам ҷоннок созем, то ба рушду пешрафт ноил шавем.
Дар ҳайати кадрии мақомотииҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб тағйроти кадрӣ ба амал омад. Қодирзода Маҳсуддин Устоғулом ба мансаби сардори Раёсати кишоварзӣ ва Ибодзода Шавқат Маҳмадулло ба тариқи гузариш роҳбари Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб таъин гардиданд.
Сипас, роҳбаридастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис оид ба иҷрои дастуру супоришҳои протоколии маҷлиси назди раиси шаҳр аз 4.08.2025 маълумот баён намуданд. Оид ба омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси комиссияи даъватӣ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон, оид ба таҳлили
фаъолияти соҳибкорон дар бозорҳо, марказҳои савдо, нуқтаҳои сӯзишворӣ оид басавдои электронӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ сарпарасти соҳа муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба соҳаи иқтисод Асозода Манучеҳр баромад намуданд.
Ҳамчунин раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр фаъолияти ҳамаи соҳаҳои рушди иҷтимоию