5 октября 2026
29-уми сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Забон нигаҳбони ҳувияти миллат» баргузор гардид. Нишасти мазкур ба масъалаҳои муҳимми сиёсати забонӣ, таҳкими мақоми забони давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги забондонии ҷомеа бахшида шуд.
Муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода сухани ифтитоҳии худро баъди хайримақдами ширкаткунадагон бо иқтибос аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз кард, ки фармудаанд: «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрўзияш-забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».
Муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ дар идома изҳор дошт, ки имрўз забони модарии мо по ба пои истиқлоли Ватанамон ба давраи сифатан нави рушду такомул дохил шудааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии он бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Гузашта аз ин, дар замони Истиқлоли кишвар забони тоҷикӣ ба минбарҳои баланди ҷаҳонӣ расид ва ҳамчун рамзи миллати соҳибтамаддун аз ҳувийяти тоҷик намояндагӣ кард. Мо бояд дар чунин шароит саъю кўшиш намоем, то рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу инкишофи онро таъмин намоем ва аз осори бузургу гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ, динӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии аҳли илму адаби гузаштагони мо, ки бо ин забони нобу шево ба мо мерос гузошта шудаанд, барои таҳким бахшидан ба пояҳои тамаддуну фарҳанги тоҷик ба таври самарабахш истифода намоем.
Дар мизи гирд шираткунандагон маърузаҳои илмии доктори илми филологӣ, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҷукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Санавбар Низомӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ Азиз Мирбобоеврошуниданд.
Профессор Сайфиддин Назарзода, ки дар мавзуи “Забон ва ҳувияти миллӣ” суханронӣ мекард, аз ҷумла иброз дошт, ки забони миллӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ дар пойдории давлати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Ба касе пўшида нест, ки дар давраҳои пурошўбу пурмоҷарои таърих забони миллӣ дар таъмини ваҳдату ягонагии миллат парчами муборизони роҳи озодӣ ва истиқлол мегардад. Аз ҷумла, халқи тоҷик дар охири солҳои 80-ум муборизаи хешро баҳри истиқлоли ҷумҳурӣ маҳз аз талош барои эълон кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон шуруъ карда буд.
Профессор Назарзода дар бахши дигар аз суханронии худ иброз дошт, ки Қонуни забон дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ яке аз аввалинҳо шуда дар Тоҷикистон қабул гардид. Аҳамияти қабули Қонуни забонро дар ташаккули фарҳангӣ, миллӣ қайд намуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори ҷашни Қонуни забон ин нуқтаро хуб ёдоварӣ кардаанд: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман аз кўшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт». Акнун баъд аз гузашти солҳо давлати миллии мо бо роҳбарии мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик ба хотири равнақу инкишофи забони тоҷикӣ ва ба ҳамин восита пешрафти фарҳанги миллӣ вазифаҳои бомасъулияро мегузорад. Тавре ки дар сўҳбат бо намояндагони зиёиёни кишвар аз тарафи Президенти мамлакат зикр гардид «...мо пеш аз ҳама барои рушди солими забони давлатӣ тамоми тадбирҳоро меандешем....». Барои ба даст овардану таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ пеш аз ҳама пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақте забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оаврда шавад. Маҷмўи истилоҳот ва калимаҳое, ки мардуми тоҷик дар тўли таърихи чандҳазорсолаи хеш ба вуҷуд овардааст ва ба кор бурдааст, оинаест, ки дар он шеваҳои зиндагонӣ, фарҳангу тамаддун ва андешаву орзуҳои он инъикос ёфтааст...
Дар мизи гирд таъкид гардид, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ва омили муҳимми ҳифзи ҳувийяти миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳифзи покизагии забон, риояи меъёрҳои адабии он ва густариши истифодаи забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа масъулияти муҳимми шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, масъалаҳои таърихи забони миллӣ, нақши забон дар рушди фарҳанг, илм, маориф, вазъи забони тоҷикӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, воридшавии вожаҳои ғайримаъмул ба забони давлатӣ ва таъсири забонҳои хориҷӣ ба забондонии ҷавонону наврасон мавриди таҳлил ва мубодилаи афкор қарор гирифтанд.
Иштирокдорони мизи мудаввар ба зарурати таҳкими корҳои маърифатӣ, баланд бардоштани масъулияти ҷомеа дар истифодаи дурусти забони давлатӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба фарҳанги забондонии насли ҷавон таъкид намуданд.
Дар фарҷом зикр гардид, ки арҷгузорӣ ба забони давлатӣ танҳо вазифаи муассисаҳои соҳавӣ набуда, масъулияти умумимиллӣ мебошад. Зеро эҳтиром ба забони миллӣ, риояи меъёрҳои он ва истифодаи дурусти забони давлатӣ дар ҷомеа аз нишондиҳандаҳои муҳими фарҳанги миллӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.