Ин маҳфилро ба хотири як мисраи устод Бозор Собир таъсис дода будам. Дар он вақт се нафар: устод Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор Сафӣ як инқилобе дар шеър ба вуҷуд оварданд. Дар он замон ҳар кас ба шеъру шоир эҳтиром дошт, завқ дошт, ба дидани ин шоирон ҳавас доштанд. Ва мо низ рўзе бесаброна дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон онҳоро интизор будем. Вақте онҳо аз дар даромаданд, ҳама аз ҷо баланд шудему бо кафкўбиҳои пурмавҷ пешвозашон гирифтем. Онҳо бо қарсакҳои бардавоми мо ба саҳна баромаданд, вале кафкубиҳои мо хомўш намешуд. Бисёр хотирмон буд он маҳфил ва дар ҷараёни он устод Бозор Собир гуфтанд, ки ҷавонони навқалам шеър хонанд. Ростӣ дар ин хел маҳфилҳо шеър намехондам, чун бовар надоштам, ки шеърҳоям хубанд. Камоли Қубониён, ки он вақт Камоли Абдураҳим буд, ду шеър хонд:
Тоҷикон бо шеър дар по ростанд,
Оламе бо шеъри худ оростанд.
Ў донишҷўи соли аввал буд. Устод Бозор Собир аз шеърҳои Камоли Қурбониён ба ваҷд омада гуфтанд, ки шеърҳои баъзе шоироне, ки аз деҳот омаданд, мисли харбузаи лалмӣ ширин аст. Ва ин ду мисраи шеърро мисол оварданд:
Эй ташнаи ишқу ҳунару меҳру вафо,
Гар об бихоҳӣ, дили Кулоб биё.
Ин мисраъҳо аз як рубоии Камоли Абдураҳим буд. Ин қадар баҳои баланд гирифт дар шеърнависӣ, вале вақте ба журналистика ворид шуд, муддати муайян шеърро канор гузошт. Ба шунидам ҳоло боз ба шеър рў овардааст. Дар шеър завқи баланд дошт, дар журналистика ҳам комёбиҳои назаррас ба даст овард.
Дар дилам шавқе пайдо шуд, ки 4-5 шоири маҳал ҷамъ шавему маҳфил ороем. Ин маҳалчигӣ нест, маҳалдӯстист. Баҳои устод Бозор Собир ба шеъри Камоли Қурбониён сабаб шуд номи маҳфили нахустинамро “Дили Кўлоб” гузорам. Дар гӯшам он вақт чӣ қадар гушнавоз расида буд “Дили Кулоб”. Мо бачаҳои кулобӣ ҳар ҳафта рўзи шанбе, дар давоми 2-3 сол дар хонаи кирояам ҷамъ омада, маҳфилро бисёр хотирмон мегузарондем. Абдулқодири Раҳим ғайр аз он ки шеърҳои хуб мегуфт, бисёр хати зебо дошт. Абдулқодири Раҳим ба сабки хоси худаш менавохт ва суруд мехонд, рубоби милии тоҷикиро тарзе менавозад, ки дар ягон ҷо надидам. Фарҳоди Аброр ҳам бо сабки кулобӣ бисёр хуб менавохт ва овози фораму ширин дошт. Суҳбатҳоямон суруд буду шеърхониву таҳлили шеър, дилгиркунанда набуд. Тавре, ки наврасон маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро бесаброна интизор мешаванд. Мо низ бетоқатона дар интизори рўзҳои шанбе мемондем…
Инак, 45 сол аст, ки маҳфили “Хайрандеш” пайваста доир мешавад.
Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа