Чанде пеш дар сомонаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари рӯнамоии портали “Рисолаҳо ва авторефератҳо”-ро хондам. Чун ба ин гуна маводд ниёз дорам, таваҷҷуҳамро ба худ кашид. Мехостам дар ин бораи маълумоти бештар дошта бошам.
Бо эҳтиромон Суман Нозимова, шаҳри Душанбе
Ба суоли Суман Нозимова сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Ёқубҷон Музаффарзода посух медиҳад.
Дар асри XXI, ки онро асри иттилоот ва рақамисозӣ меноманд, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи инсон гаштаанд. Технологияи замони муосир ба одамон имкон медиҳад, ки новобаста аз макони ҷойгиршавиашон ва замони ҳузурашон аз иттилооти бунёдӣ ва эътимоднок истифода баранд.
Хушбахтона, баъд аз ба Истиқлол расидани Тоҷикистон тамоми соҳаҳои мамлакат рў ба беҳбудӣ ниҳода, дар самти технологиякунонии муассисаву идораҳои давлатӣ ва корхонаву ниҳодҳои ҷамъиятӣ шароитҳои айёнӣ ва имкониятҳои зарурӣ ба даст омаданд.
Боиси хушнудӣ аст, ки Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имкониятҳои мавҷуда ва роҳнамоии роҳбарияти Китобхонаи миллӣ имрўзҳо яке аз ниҳодҳои аз нигоҳи бо таҷҳизотҳои техникӣ муҷаҳҳаз дар сафи пеш қарор дорад.
Ин аст, ки бо зарфияти кадрии дар Китобхонаи миллӣ мавҷудбуда ва ҳамкориҳои судманди Муассиса бо барномасозону мутахассисони соҳа, порталҳои иттилоотрасонии соҳаи китобдорӣ таъсис ёфта, ба истифодабарандагон манзур карда мешавад.
Таҳияи «Портали рисолаҳо ва авторефератҳо» бар асоси дастури роҳбарияти Китобхонаи миллӣ аз 19-уми январи соли 2026 оғоз шуд ва ҳоло ба анҷом расидааст.
Аввалан бояд таъкид намоем, ки «Портали рисолаҳо ва авторефератҳо»-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нахустин портали илмӣ дар самти хидматрасонии ҳуҷҷатҳои электронии рисолаҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи китобдорӣ дар ин масир ҳиссагузор хоҳад буд.
Умуман, китобхонаи электронии рисолаҳо ва авторефератҳо яке аз марказҳои бузурги илмии кишвар мебошад, ки ҳифз ва дастрасии корҳои илмиро ба муҳаққиқон, унвонҷӯён ва дигар истифодабарандагони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад. Лоиҳа бо мақсади рушди илм, дастгирии муҳаққиқон ва тавсеаи дастрасӣ ба иттилооти илмӣ таъсис дода шудааст. Тайи солҳои охир, ҳазорон истифодабарандагон аз хидматрасониҳои электроонии китобхона истифода намуда, барои беҳбуд бахшидани ин самти фаъолият пешниҳодҳо манзур кардаанд.
Бояд гуфт, ки дар портали мавриди назар дар марҳилаи аввал маводи электронии фонди шуъбаи рисолаҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсия ва авторефератҳоро, ки бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ чоп гардидаанд, дар худ ҷой медиҳад. Илова бар ин, бояд таъкид кард, ки «Портали рисолаҳо ва авторефератҳо»-и Китобхонаи миллӣ дар навбати худ бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ маълумот пешниҳод мекунад ва он дар такмили махзани электронии маълумотҳои ҳуҷҷатҳои илмии мамлакат саҳм дошта метавонад. Мақсади ниҳоии портал барои дар шакли электронӣ нигоҳ доштани нусхаи диссертатсияҳо ва авторефератҳо буда, дастрасии ин навъи аснодро дар сифати баланди хидматрасонӣ таъмин менамояд.
Ҳадафи дигари таҳиягарон аз таҳияи портали мазкур ин таъмини бехатарии амниятии шакли электронии маводи рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ буда, ба ин тартиб хидматрасонии фаврӣ ва сатҳи баланди иттилоотрасонӣ аз ҳадафҳои дигари мо мебошад.
Зимнан, гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло истифодаи «Портали рисолаҳо ва авторефератҳо» танҳо дар дохили Китобхонаи миллӣ имконпазир аст. Истифодабарандаи берунӣ пас аз сабти ном маводи мавриди ниёзашро пайдо намуда, танҳо (як ё ду саҳифа)-и китобро метавонад мутолиа намояд ва идомаи мутолиа ба таври худкор қатъ мегардад, яъне ҷиҳати идомаи мутолиаи маводи зарурӣ хонанда метавонад ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда, ба шуъбаи рисолаҳои илмӣ муроҷиат намояд.
Умуман, ҳоло кормандони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ барои бонизому мураттаб ба роҳ мондани фаъолияти «Портали рисолаҳо ва авторефератҳо» кӯшиш ба харҷ дода, умеду боварии комил дорем, ки барои ба таври бояду шояд роҳандозии ин раванд корҳои мавриди таваҷҷуҳро амалан анҷом хоҳанд дод.