Агар шумо донишҷӯи Муассисаи таҳсилоти миёна (коллеҷҳо) ва ё олии касбӣ (донишгоҳу донишкадаҳо) ҳастед, пас мутолиаи осори гаронбаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва донистани таҷрибаи давлатдории чеҳраҳои таърихии миллат барои шумо муҳим…
Агар шумо донишҷӯи Муассисаи таҳсилоти миёна (коллеҷҳо) ва ё олии касбӣ (донишгоҳу донишкадаҳо) ҳастед, пас мутолиаи осори гаронбаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва донистани таҷрибаи давлатдории чеҳраҳои таърихии миллат барои шумо муҳим аст.
Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо ба майдони рақобати зеҳнӣ даъват менамояд.
Бо Низомномаи Озмун ва рафти баргузории даври якум ва ниҳоии он дар суроғаи мо шинос шуда, имкони иштирок дар ин сабқатро аз даст надиҳед.
Озмуни ҷумҳуриявии «Доннадаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои мондагор ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила ҷалби аҳолӣ ба китобхонию китобдӯстӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон миёни қишри ҷавони аҳолии кишвар, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.
Матни комили Низомномаи Озмун