Дар рафти сафари кории Раиси Вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид Ва Вазири маориф Ва илм Раҳим Саидзода бинои маъмурии шӯъбаи маорифи ноҳия дар Ноҳияи Ҷайҳун ба истифода дода шуд.
Мақсади сохтмони иншооти мазкур баланд бардоштани сатҳи кор ва таҳсилот дар партави сиесати хирадмандона ва маърифатпарваронаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои сохтмониву созанда бахшида ба ҷашни миллии 35 — солагии истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сохтмони бинои шӯъбаи маориф соли 2022 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ аллакай ба анҷом расидаанд.
Барои сохтмони бинои шуъбаи маориф 0,18 гектар замин ҷудо карда шуд ва бино аз ҳисоби маблағҳои бонки Исломии рушд ба маблағи 353 946 доллар сохта шуд.
Иншоот аз 3 ошена, 13 кабинет, толори маҷлис барои 80 нафар, 3 хонаи хоб барои меҳмонон, китобхона, анбори нигоҳдории таҷҳизот ва ҳуҷҷатҳо иборат аст. Фармоишгари сохтмон Ҷдмм Субхи босафо.
Дар назди бино чароғҳои равшанӣ насб карда шудаанд.
Раиси вилоят сифати корҳои дар бино иҷрошударо баланд арзебӣ намуда, кормандонро ба истифодаи пурра ва мақсадноки шароити пешниҳодшуда даъват намуд.
Бо ҳисоби сохтмон ва ба истифода додани бинои шуъбаи маориф дар Ноҳияи Шаҳун барои кормандон шароити муносиби корӣ фароҳам оварда шуд.