Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба қисми ҳарбӣ 07017-и Қувваҳои Заминӣ таҳти Вазорати мудофиаии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои таъмирӣ дар хобгоҳ шинос шуд.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки ошёнаи сеюм ва чоруми хобгоҳ ба таъмири куллӣ ниёз доштанд, ва дар мавсими даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ мушкили ҷойи хоб барои навдаъватшудагон ба вуҷуд омад.
Бо фармони раиси вилоят, ин ошёнаҳо аз ҷониби филиали Идораи сохтмони капиталии вилояти Хатлон таъмир гардида, барои ҷойгир намудани навдаъватшудагон, ки дар давраи даъвати баҳорӣ даъват мешаванд, омода карда мешаванд. Зикр мегардад, ки 80 фоизи корҳои таъмирӣ аллакай анҷом ёфта, то санаи муайяншуда пурра омода хоҳанд шуд.
Раиси вилоят бо шароити зисти хизматчиёни ҳарбӣ дар қисми ҳарбӣ шинос шуда, ба масъулин супориш дод, ки шароити манзилиро беҳтар созанд.