ДУШАНБЕ, 08.11.2024 / НИАТ Ховар/. 8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бохтари Вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли шишаҳои Ҷдмм "Расули Валӣ" - ро ба истифода доданд. Корхонаи истеҳсолӣ дар минтақаи саноатӣ-истеҳсолии Бохтар дар майдони умумии 10 ҳазор метри мураббаъ дар доираи чорабиниҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунед гардидааст. Хатти технологӣ ва таҷҳизоти корхона аз Олмон ворид ва насб карда шудааст, ашеи хом барои истеҳсоли маҳсулот қисман аз хориҷа ворид карда мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона барои 300 қуттӣ дар як рӯз ва 100 ҳазор қуттии шартӣ дар як сол пешбинӣ шудааст. Дар корхона 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин буда, аксарияти коргарону мутахассисонро занон ташкил медиҳанд. Корхона бо харҷи ду миллион сомонӣ сармояи ватанӣ ва хориҷӣ бунед гардида, истеҳсол ва бастабандии маҳсулот бо истифода аз технологияҳои пешрафта ба роҳ монда шудааст. Коргарон аз мутахассисони хориҷӣ таълим мегиранд. Ба истифода додани як корхонаи дигари саноатӣ дар Бохтар ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Вилояти Хатлон мусоидат хоҳад кард. Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти корхонаи таъсисефта шинос шуда, ташаббуси соҳибкорони ватаниро дар самти таҳкими иқтидорҳои истеҳсолии мамлакат ҳамчун тақлиди арзанда арзебӣ намуданд. Сарвари давлат ба шахсони масъул супориш доданд, ки барои баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ дар оянда тадбирҳои иловагӣ андешанд. Таъкид гардид, ки ташаббуси Ҳукумати мамлакат оид ба додани имтиезҳо ба соҳибкорон ва дастгирии ин табақаи ҷомеа ба таъмини татбиқи нишондиҳандаҳои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат намуд.