ДУШАНБЕ, 07.11.2024 / НИАТ Ховар/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар Шаҳраки Исмоили Сомонии Ноҳияи Кушониен бинои муассисаи томактабиро ба истифода доданд. Бинои муассисаи томактабӣ бо тарҳи зебои замонавӣ сохта шуда, аз 2 ошена ва 8 ҳуҷраи таълимӣ барои кӯдакон иборат аст. Дар баробари ин, дар бинои асосии муассисаи томактабӣ ҳуҷраҳои фарҳанг, ҳамшираи тиббӣ, синфхонаи компютерӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ерирасон барои 150 кӯдак ҷойгир карда шудаанд. Майдони умумии муассисаи таълимӣ 4500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар қисми дигари муассиса майдончаи варзишӣ барои бозиҳои кӯдакон ва ҳавз сохта шудааст. Минтақаи атрофи бино бо плиткаҳо пӯшонида шудааст, бо гулҳо ва дарахтон оро дода шудааст. Иншооти соҳаи маориф ба маблағи зиеда аз 14 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта шудааст. Дар иншоот як котел мавҷуд аст, ки биноро дар фасли сарди сол бо гармӣ таъмин мекунад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2022 оғоз гардида, бо сифати баланд ва истифодаи масолеҳи сохтмонии ватанӣ анҷом дода шудаанд. Зимни боздид Сарвари давлат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмониро баҳои баланд дода, ба омӯзгорон оид ба тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Сохтмони бинои нави муосири муассисаи томактабӣ дар Ноҳияи Кушониен ба ифтихори 35-солагии истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳия тӯҳфаи арзишманд номида шуд.