ДУШАНБЕ, 07.11.2024 / НИАТ Ховар/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар шаҳраки Бустонкалаи Ноҳияи Кушониен, Вилояти Хатлон Маркази ташхис, табобат ва барқарорсозии бемориҳои асабро ба истифода доданд. Маркази ташхис Ва табобати "Авиценна" дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва бунедкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлолияти Давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Расулҷон Ашуров сохта шуда, дар он барои ташхис ва табобати аҳолии ноҳия шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Тавре Ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ, ки аз се ошена ва таҳхона иборат аст, соли 2021 оғоз гардида, бино аз рӯи лоиҳаи муосири меъморӣ сохта шудааст. Дар маркази ташхис, табобат ва барқарорсозии бемориҳои асаб 30 нафар, аз ҷумла 10 духтур, 12 корманди миенаи тиббӣ ва 8 корманди ерирасон кор мекунанд. Барои Самаранок Кор Кардани Марказ таҷҳизоти муосири тиббӣ ба маблағи 3 миллион сомонӣ харида ва насб карда шудааст. Дар таҳхонаи иншоот дорухона, кабинети ташхиси рақамии рентгенӣ ва дигар биноҳои ерирасон ҷойгиранд. Дар ошенаи якуми бино бо мақсади хизматрасонии босифати тиббӣ ба беморон ҳуҷраи қабул, кабинети электрокардиография, ташхиси ултрасадоӣ, томографияи мағзи сар ва кабинети баровардани беморони шифоефта ҷойгир аст. Дар ошенаҳои дуюм ва сеюм ҳуҷраҳои табобатӣ ҷойгиранд, ки дар онҳо барои беморон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар Марказ инчунин 30 ҷойи хоб мавҷуд аст. Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ шинос шуда, корҳои сохтмонӣ ва шароити ба вуҷуд омадаро баҳои баланд доданд. Минбаъд бо истифода аз имкониятҳои Ин Марказ бо ҷалби мутахассисони минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ муоина ва табобати ҳамаҷонибаи инсулт, дигар усулҳои муоина, ташхис ва табобати бемориҳои гуногуни неврологӣ гузаронида мешаванд. Бо оғози Фаъолияти маркази ташхис, табобат ва барқарорсозии бемориҳои асаб, аҳолӣ имконият доранд, ки аз хидматҳои он барои ташхис ва табобат истифода баранд, бе хароҷоти зиеди пулӣ, бо сарфаи вақт, дар наздикии хона.