ДУШАНБЕ, 07.11.2024 / НИАТ Ховар/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти сафари кории худ дар минтақаи саноатии Ҷамоати Деҳоти Даҳони Ноҳияи Яван корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардории ҶСК "ширкати Мошинсозии Де Банг Тоҷикистон" - ро ба истифода дод. Корхонаи нави саноатӣ аз Ҷиҳати иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиеи Марказӣ беназир буда, дар Муддати камтар аз 5 моҳ ба маблағи 12 миллион сомонӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва маблағҳои шарикони рушд таъсис дода шудааст. Бо ба истифода додани корхонаи нави истеҳсолии ИСТЕҲСОЛИ механизмҳои борбардори ҶСК "ширкати Мошинсозии Де Банг Тоҷикистон" 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Корхонаи нави истеҳсолӣ яке аз иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлолияти Давлатӣ буда, дар доираи ҳадафи 4-уми стратегӣ – саноатикунонии босуръат бо технологияҳои навтарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Сарвари давлат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 80 крани пурқуввати борбардорро ташкил медиҳад ва дар сурати зиед шудани фармоишҳои харидорон ҳаҷми истеҳсолот метавонад афзоиш ебад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот мебошад, инчунин барои содирот пешбинӣ шудааст. Ҳар як ҷузъи механизмҳои борбардории дар корхонаи нав истеҳсолшуда пас аз санҷиши дақиқи мутахассисони соҳа насб карда мешавад, иқтидори борбардорӣ аз 4 то 12 тоннаро ташкил медиҳад. Кранҳои борбардори корхона низ метавонанд аз масофаи дур идора карда шаванд, ки ин кори сохтмончиенро борҳо осон мекунад. Пас аз ба истифода додани корхона, арзиши кранҳои борбардор дар бозор бояд то 30% коҳиш ебад, зеро чунин механизмҳо то имрӯз аз дигар кишварҳо ворид карда шудаанд. То имрӯз ҳар сол аз хориҷа ба ҳисоби миена то 9 миллион доллари амрикоӣ кранҳо ворид карда мешуданд. Аз ин рӯ, кранҳои истеҳсолкардаи ин корхона на танҳо ивазкунандаи воридот, балки содирот низ хоҳанд буд. Қайд карда шуд, ки корхонаи нав дар ҷои бинои кӯҳна ва номувофиқ сохта шудааст ва ҳоло ин макон ба як гӯшаи обод ва зебо табдил ефтааст. Майдони умумии корхонаи нав тақрибан 4 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, атрофи он обод ва сабз карда шудааст. Дар даромадгоҳи корхона намунаи яке аз кранҳои борбардор насб карда шудааст, ки аз иқтидори истеҳсолии корхона ва сифати баланди механизмҳои истеҳсолшуда шаҳодат медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолӣ Ва насби кранҳои пуриқтидори борбардор ташаббуси масъулони сохтмони чунин корхонаро дар доираи сиесати созандаи роҳбарияти олии мамлакат муҳим дониста, барои фаъолияти минбаъдаи пурмаҳсули кормандони корхонаи нав дастуру маслиҳат доданд.