10 июл дар Бохтар таҳти раесати Раиси Вилояти Хатлон Давлатали Саид маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Хатлон барои 6 моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар машварат муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиеза Сулаймон, муовини якуми Раис, муовинони раис, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок намуданд. Раиси Вилояти Хатлон қайд кард, ки аксари нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Хатлон дар нимсолаи аввал зери нишондиҳандаҳои мусбат қарор гирифтанд. Дар бораи рушди соҳаи иҷтимоию иқтисодии минтақа муовини раиси Вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода баромад кард.