ИФТИТОҲИ ҲАММОМИ ҶАМЪИЯТӢ дар МАРКАЗИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН-ШОХА Раиси Вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар давоми сафари корӣ 28 июн бинои ҳаммоми ҷамъиятиро дар маркази Ноҳияи Шамсиддин-Шоха ба истифода дод. Ин иншоот дар доираи корҳои сохтмонӣ ва ландшафтӣ бахшида ба ҷашни миллии 35 – солагии истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо истифода аз усулҳои муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯи талаботи муосир сохта шудааст. Бинои ҳаммоми ҷамъиятӣ аз ду ошена иборат буда, сохтмони он соли 2022 оғоз гардида, ҳоло корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Ҳаммом бо шароити муосир муҷаҳҳаз аст ва метавонад дар як вақт 20 нафарро ҷойгир кунад. Дар айни замон корҳо оид ба ободонии ҳудуди атрофи бино ва гузоштани плиткаҳои тротуарӣ дар назди бино ба анҷом расидаанд. Гуфта мешавад, ки арзиши сохтмони иншоот 511 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷаҳонгир Ҷомиев маблағгузорӣ шудааст. 3 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ дар ҳаммоми ҷамъиятӣ таъмин мебошанд. Давлатали Саид корҳои сохтмониро дар ин иншооти хидматрасонӣ баланд арзебӣ кард ва ба соҳибкор барои саҳми ӯ дар шукуфоии ин кишвар изҳори сипос кард. Бояд қайд кард, ки бо мақсади таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа сохтмони 6260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки 2809-тои онҳо аллакай ба истифода дода шудаанд.