Дар ҷараёни сафар ба вилояти Хатлон ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), таҳти роҳбарии директори генералӣ оид ба Осиёи Марказӣ Ҳусейни Озҳон, бо Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид мулоқот намуд.
Дар ин вохӯрӣ, ки Раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид Мубин низ ширкат варзид, масъалаҳои амалӣ намудани муваффақонаи як қатор лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, коммуналҳо ва нақлиёт, инчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ баррасӣ шуданд.
EBRD ва яке аз пешсафони микрокредитдиҳии Тоҷикистон — МДО «ХУМО» номаи мандатӣ барои омодасозии лоиҳаҳо оид ба дастгирии соҳибкории занон ва ҷавононро имзо карданд.
Ҳайат бо фаъолияти ширкати нақлиётии «Бохтарнаклиётхизматрасон» шинос шуд, ки дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти мусофирбарии вилояти Хатлон», ки аз ҷониби EBRD маблағгузорӣ мешавад, автобусҳои нав гирифт ва онҳо аллакай ба хатсайрҳои шаҳр ва вилоят бароварда шудаанд.
Ҳамчунин меморандум оид ба дарки тарафайн имзо гардид, ки дар доираи он EBRD ва Институти энергетикаи Тоҷикистон барномаи таълимии донишҷӯёнро барои дастрасии онҳо ба дониш ва малакаҳои пешрафта ва аккредитатсияшудаи миллӣ дар самти самаранокии энергетикӣ таҳия хоҳанд кард.
Ин иқдом имкон медиҳад сатҳи таҳсилоти донишҷӯён баланд бардошта шуда, мутахассисони боихтисос барои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон омода гарданд.