Раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид дар ҷараёни сафар корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ истифодаи самараноки заминҳоро дар гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии «Яҳакпаст», ки бо парвариши кулфиникӣ машғул аст, мавриди санҷиш қарор дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, таҳти раҳбарии Акобиров Амирулло 52 гармхона фаъолият дошта, онҳо аллакай ҳосили худро ба бозор баровардаанд. Ҳар як гармхона 7 метр паҳноӣ ва 40 метр дарозӣ дорад.
Ба гуфтаи деҳқонон, ҳосили кулфиникӣ дар соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле хуб будааст ва ҳоло 1 килограмм он дар бозор то 90 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид дар рафти боздид аз гармхонаҳо рушди соҳаи кишоварзиро ва таъсиси чунин иншоотро ҳамчун омили муҳими таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи маҳаллӣ арзёбӣ намуда, супоришҳо ва маслиҳатҳои судманд дар самти васеъ намудани фаъолияти гармхонаҳо ва афзоиши истеҳсолот дод.