Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кориаш ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷараёни корҳои бозсозии варзишгоҳи марказии ноҳия шинос шуд.
Варзишгоҳи марказии ноҳия, ки барои 10 ҳазор тамошобин пешбинӣ шудааст, дар масоҳати тахминан 21 000 метри мураббаъ бунёд гардида, ба талаботи муосир ҷавобгӯ хоҳад буд.
Иншооти мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти масъул супориш дод, ки корҳои сохтмониро босифат анҷом диҳанд, зеро беҳтар гардидани шароит ба рушди соҳаи варзиш ва баланд гардидани дастовардҳои варзишгарони мамлакат мусоидат мекунад.