Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ аз ҷараёни омодасозии техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ дар хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб»-и ноҳияи Вахш бо мақсади сари вақт ба роҳ мондани кишти зироатҳо, бахусус пахта, боздид ба амал оварданд.
Тавре хабар дода мешавад, хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб» яке аз калонтарин хоҷагиҳо ба ҳисоб рафта, асосан ба кишти пахта машғул аст. Барои таъмин намудани хоҷагиҳои пахтакори ноҳия бо тухмии хушсифат зиёда аз 800 тонна тухмии пахта захира шудааст, аз ҷумла 150 тонна навъи 93-26, 500 тонна навъи Султон, 100 тонна навъи Лазер ва 10 тонна навъи Майя-455.
Хоҷагӣ имконият дорад, ки хоҷагиҳои пахтакори ноҳияро дар мавсими кишт бо тухмии ватанӣ таъмин намояд.
Раиси вилоят ва меҳмонон аз омодагии техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ шинос шуданд. Дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 100 адад техника ва 30 адад тухмипошак муаррифӣ гардид.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки барои кишти тухмӣ зарур аст техника ва тухмипошакҳо мувофиқи талаботи агротехникӣ омода карда шаванд.
Бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли пахта, тибқи супориши раиси вилоят, пахтакорон муваззаф гардиданд, ки дар масоҳати 2000 гектар пахтаро бо усули зери плёнка кишт намоянд. Барои амалӣ намудани ин намуди кишт дар ноҳия 5 адад тухмипошаки плёнкапош омода мебошанд.
Гуфта мешавад, ки аз оғози фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «ТоҷикАгроЛизинг» ба ноҳия техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 27 миллион сомонӣ тавассути лизинги молиявӣ дастрас карда шудааст.
Зимни боздид аз техникаи кишоварзӣ ба операторон, кишоварзон ва шахсони масъули соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки то оғоз шудани мавсими кишт техникаи заруриро тибқи меъёрҳои агротехникӣ омода намоянд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрӣ ва деҳот, инчунин деҳқонон дастур дод, ки ҳангоми кишти пахта аз тухмии баландҳосил, ба иқлим мутобиқ ва дорои сертификат истифода баранд ва корҳои киштро дар муҳлати муайяншуда анҷом диҳанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон.