барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ОЗМУНИ кушод эълон менамояд:
Номгӯи мансаб:
1.Шуъбаи таҳлил, назорат ва таъминоти иттилоотии хариди давлатӣ: сармутахассис – 1 воҳиди корӣ (таҳсилоти олии иқтисодии ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ), маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ.
2.Шуъбаи амалисозии хариди давлатӣ барои соҳаҳои сохтмон, ободонӣ ва инфрасохтор: сармутахассис – 1 воҳиди корӣ (таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии хариди давлатӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ё муҳандис-иқтисодчӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ), маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ.
3.Шуъбаи амалисозии хариди давлатӣ барои бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ: сармутахассис – 1 воҳиди корӣ (таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии хариди давлатӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, технологияи иттилоотӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ), маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ.
4.Бахши ҳуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ: сармутахассис – 1 воҳиди корӣ (таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ), маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ.
Малакаи хуби роҳбарӣ, муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист.
Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд, афзалият дода мешавад.
Довталабон ба Комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);
- нусхаи гувоҳинома аз мақомоти андоз (РМА);
- маълумотнома аз ҷои зист;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ (аз Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотта Руставелӣ, 22 пешниҳод карда, маълумоти иловагиро дар хусуси низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ ба воситаи телефони 227-66-21 ё сомонаи www.zakupki.gov.tj дастрас намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷчатҳо 21 рӯз пас аз нашри эълони мазкур дар воситаҳои ахбори омма (то соати 17.00) муқаррар мешавад.