Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ОЗМУНИ кушод эълон менамояд:
Номгӯи мансаб:
1.Шуъбаи амалисозии хариди давлатӣ барои соҳаҳои сохтмон, ободонӣ ва инфрасохтор: мутахассиси пешбар – 1 воҳиди корӣ (таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии хариди давлатӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ аз рӯи касб муҳандис-сохтмончӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ), маоши мансабӣ – 2154,50 сомонӣ.
4.Бахши умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус: мудир – 1 воҳиди корӣ (таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ё кадршинос, ҳуқуқшинос, омӯзгор, психолог, сотсиолог ё дигар соҳаҳои гуманитарӣ, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ), маоши мансабӣ – 2924,15 сомонӣ.
Малакаи хуби роҳбарӣ, муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист.
Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд, афзалият дода мешавад.
Довталабон ба Комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);
- нусхаи гувоҳинома аз маќомоти андоз (РМА);
- маълумотнома аз ҷои зист;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ (аз Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон, 21 пешниҳод карда, маълумоти иловагиро дар хусуси низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабҳо ба воситаи телефони 227-66-21 ё сомонаи www.zakupki.gov.tj дастрас намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз пас аз нашри эълони мазкур дар воситаҳои ахбори омма (то соати 17.00) муқаррар мешавад.