ТОҶИКИСТОН – ТАШАББУСКОРИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД
31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он шурӯъ аз соли 2027 ҳамасола 31 август Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад.
Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати созанда ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди технологияҳои навин, рақамикунонӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад.
Интихоби 31 август аҳаммияти хос дорад. Маҳз 31 августи соли 1955 пешниҳоди баргузории лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда, он дар ташаккули зеҳни сунъӣ ҳамчун самти мустақили таҳқиқоти илмӣ нақши муҳим гузошт.
Эълон гардидани ин рӯз заминаи муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва рушди муколамаи ҷаҳонӣ оид ба бехатарӣ, ҳифз, эътимоднокӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ фароҳам меорад.
Қабули қатънома саҳми арзишманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ буда, мавқеи фаъоли кишварро ҳамчун ташаббускори иқдомҳои муҳими байналмилалӣ бозгӯ менамояд.