Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2025, №1046 «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ» гузариши марҳилавӣ ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тавассути портали ягона пешбинӣ шудааст.
Аз 15 сентябри соли 2026 талонҳои азназаргузаронии техникии воситаҳои нақлиёт танҳо дар шакли электронӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд. Пас аз санаи мазкур ба расмият даровардани талонҳои анъанавии коғазӣ берун аз портал ба тартиби муқарраргардида мувофиқат намекунад.
Ёдрас менамоем: барои идора кардани автомобил, ки аз азназаргузаронии ҳатмии давлатии техникӣ дар муҳлати муқарраршуда нагузаштааст, ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 234 сомонӣ дар соли 2026, пешбинӣ шудааст. Масъулият тибқи қисми 1 моддаи 315 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ муқаррар шудааст.
Аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва ронандагон хоҳиш менамоем, ки азназаргузаронии техникиро сари вақт гузаранд ва талони электрониро тавассути eKhizmat.tj ба расмият дароранд.
Ба маълумоти тасдиқнашуда дар бораи имконияти ба расмият даровардани талонҳои анъанавии коғазӣ бовар накунед. Барои гирифтани маълумоти дақиқ ба Бозрасии давлатии автомобилӣ ва каналҳои расмии eKhizmat муроҷиат намоед.
Маълумоти иловагӣ: 7177.