ДУРНАМОҲОИ ҲАМКОРӢ БО ШИРКАТИ ТЕХНОЛОГИИ ИТ-ИИ БЕЛОРУСӢ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД
20 августи соли 2026 дар ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» бо роҳбари шуъбаи фурӯши ҶДО «ЮКОЛА-ИНФО-Брест»-и Ҷумҳурии Беларус Юрий Ануфриев вохӯрии корӣ баргузор гардид.
Аз ҷониби ҶСК дар вохӯрӣ сардори Департаменти таҳия, татбиқ ва назорати лоиҳаҳо Лариса Павловна ва директори масъули самти техникӣ Беҳрӯз Иброҳимов иштирок намуданд.
ҶДО «ЮКОЛА-ИНФО-Брест» аз соли 2003 дар бозори технологияҳои иттилоотӣ фаъолият намуда, яке аз шарикони калонтарини шабакаи «1С:Франчайзи» дар Беларус ба ҳисоб меравад. Дар ширкат зиёда аз 400 мутахассиси соҳибтахассус фаъолият намуда, лоиҳаҳои автоматикунонии идоракунӣ ва баҳисобгириро дар Беларус ва берун аз он амалӣ менамоянд.
Самтҳои асосии фаъолияти ширкат аз гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, автоматикунонии равандҳои тиҷоратӣ, рақамикунонии соҳаи логистика ва баҳисобгирии анбор, татбиқи низомҳои идоракунии фурӯш ва муносибат бо муштариён, инчунин ҳамгироӣ бо низомҳои иттилоотии давлатӣ иборат мебошанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд, табодули таҷриба, татбиқи таҷрибаҳои пешрафтаи рақамӣ ва истифодаи равишҳои инноватсиониро баррасӣ намуданд. Дар натиҷаи вохӯрӣ оид ба идомаи муколамаи касбӣ ва баргузории конфронсҳои онлайнии мавзӯӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба мувофиқа расиданд.