Иштироки намояндаи Ҷамъият дар барномаи омӯзишӣ оид ба табдили рақамии идоракунии давлатӣ
Аз 20 то 29 июли соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи омӯзишии «Асосҳои табдили рақамии идоракунии давлатӣ» аз Маркази хизматрасонии давлатии шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон боздид намуд.
Дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон», дигар мақомоти давлатӣ, инчунин Мунзим Часур — сардори Маркази хизматрасониҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи маркази ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» иштирок намуданд.
Зимни боздид иштирокчиён бо таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва рақамикунонӣ, тарзи ташкили фаъолияти марказҳои хизматрасонии давлатӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ, автоматизатсияи равандҳои дохилӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифату дастрасии хизматрасониҳо шинос гардиданд.
Иштирок дар чунин барномаҳои омӯзишӣ барои омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мубодилаи дониш ва татбиқи роҳкорҳои муосир дар раванди рушди хизматрасониҳои давлатии рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад.