14 майи соли ҷорӣ, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Литсейи №5 шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон —…
14 майи соли ҷорӣ, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Литсейи №5 шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, зимни ифтитоҳи он намояндаи Кумита Раҷабзода Оятулло ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Назарзода Манучеҳр оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва нақши Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонони кишвар суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа пайваста аз дастгириҳои давлату Ҳукумат бархӯрдор буда, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ нақши муассир доранд.
Дар идомаи ҳамоиш миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷавонон барои саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳидоят карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор ҷавонони фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.