7 августи соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Камолиддин Муминзод ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа…
7 августи соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Камолиддин Муминзод ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода дар кори ҷаласа иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба тадбирҳои андешидаи Кумита дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию созандагӣ ва рушди ҳаракати волонтёрӣ маълумот пешниҳод намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.