Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон таҳти шиори "Истиқболи сарбози шуҷои Ватан" дар шаҳри Бӯстон маросими тантанавии пешвози…
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон таҳти шиори "Истиқболи сарбози шуҷои Ватан" дар шаҳри Бӯстон маросими тантанавии пешвози ҷавонмардоне, ки хизмат дар сафи Артиши миллиро бо сарбаландӣ ба анҷом расонид, баргузор гардид.
Дар фазои идона ва бо шодии беандоза, сарбоз Ҷумаев Валиҷонро дар назди манзили зисташ воқеъ дар шаҳри Бӯстон, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ хонаи 3, бо иштироки муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода истиқбол гирифтанд. Ба сарбози далер барои анҷоми қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ тӯҳфаҳо ва сипосномаҳо тақдим гардид. Ҳамзамон, ба волидайн, ки дар тарбияи чунин фарзанди ватандӯст саҳми босазо гузоштаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда шуд.
Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонон ва арҷгузорӣ ба хизмати сарбозон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.