Имрӯз, дар доираи вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо усули “Мактаб ба мактаб”, таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба ва бо иштироки намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудири шуъбаи маорифи…
Имрӯз, дар доираи вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо усули “Мактаб ба мактаб”, таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба ва бо иштироки намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудири шуъбаи маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Баротзода Субҳоналӣ, бо шумораи зиёди омӯзгорон ва волидайни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №2-и шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳим, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҷалби фаъоли хонандагон ба донишандӯзӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инчунин ободонӣ ва тозагии муҳити муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарият ва омӯзгорони муассиса масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи дониш, тақвияти тарбияи маънавию ахлоқии хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва тайёрии ҷиддӣ барои дохил шудан ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорон ва волидайн ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон, истифодаи дурусти вақти холӣ ва ҷалби онҳо ба машғулиятҳои фоиданок тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Ҳамчунин, ба масъалаи ҳамкории зичи муассисаи таълимӣ бо волидайн таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, зикр шуд, ки танҳо дар ҳамбастагӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас дар самти таълиму тарбия ноил гардид.
Илова бар ин, аҳамияти тозагиву озодагӣ, ободонии маҳал, нигоҳдории муҳити зист ва саҳми ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос дар омодагӣ ба ҷашнҳои миллӣ махсус таъкид гардид. Зикр шуд, ки баланд бардоштани маърифати экологӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як шахси огоҳ мебошад.
Инчунин, таъкид гардид, ки омодагӣ ба ҷашнҳои миллӣ бояд на танҳо дар шакли баргузории чорабиниҳо, балки тавассути амалҳои созанда, аз қабили тозакорӣ, кабудизоркунӣ ва ободонии муҳит амалӣ карда шавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити таълим, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон, таҳкими корҳои тарбиявӣ ва густариши ҳамкориҳои муассиса бо волидайн дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.