Санаи 13 марти соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳадяи Наврӯз» бо иштироки масъулин ва волонтёрон…
Санаи 13 марти соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳадяи Наврӯз» бо иштироки масъулин ва волонтёрон баргузор гардид.
Пеш аз оғози аксия ҷавонон бо руҳияи болида, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки ниёгон бо савту суруд ва рақсу шодмонӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории ин иқдом тарғиби арзишҳои волои миллӣ, эҳё ва густариши суннатҳои неки наврӯзӣ, таҳкими ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилии ҷомеа мебошад.
Дар доираи аксияи мазкур ба сокинон ва меҳмонони шаҳр туҳфаҳои идона, аз ҷумла суманак, ки рамзи фаровонӣ, баракат ва файзи Наврӯз маҳсуб меёбад, тақдим карда шуд.
Аксияи «Ҳадяи Наврӯз» ҳамчун нишони эҳтиром ба суннатҳои неки аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонпарварона ва таҳкими рӯҳияи ҳамдигардастгирӣ арзёбӣ гардида, дар фазои идонаи Наврӯз муҳити гарму самимӣ ва шодмонӣ фароҳам овард.