Имрӯз, 25 феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи назоратӣ бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Гулахмадзода Зулфиқор Аҳмад баргузор гардид. Дар мулоқот…
Имрӯз, 25 феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи назоратӣ бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Гулахмадзода Зулфиқор Аҳмад баргузор гардид.
Дар мулоқот мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ва муовини Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода низ ҳузур доштанд.
Зимни чорабинӣ Низомномаи намунавии шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута таҳия гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои такмили фаъолияти сохторҳо муҳокима шуданд.
Таъкид гардид, ки тақвияти фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш дар муассисаҳои таълимӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, рушди маънавию ахлоқӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми ҳамоиш доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута, густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардида, барои амалигардонии ҳадафҳои пешбинигардида тибқи Низомномаи намунавӣ вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд.