Имрӯз Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад дар маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории беҳтаринҳои Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон дар соли 2025 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Зикр шуд, ки соли 2025 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 96 медал (33 тилло, 30 нуқра ва 33 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2026 баргузории як чемпионат ва панҷ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар раванди чорабинӣ чанде аз ҷоизадорони соҳаи мазкур бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.