“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА – 2026” Бо ташаббуси Осорхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, санаи 18-уми майи соли 2026 иқдоми фарҳангии “Шабе дар Осорхона” аз соати 18:00 то 23:00 бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.Дар ин ҷашнвораи…
“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА – 2026”
Бо ташаббуси Осорхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, санаи 18-уми майи соли 2026 иқдоми фарҳангии “Шабе дар Осорхона” аз соати 18:00 то 23:00 бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.Дар ин ҷашнвораи фарҳангиву маърифатӣ роҳбарият, кормандон ва ходимони илмии бо руҳияи идона ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд.
Барномаи фарҳангӣ фарогири муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик, намоиши бозёфтҳои нодири таърихӣ, санъати миллӣ ва анъанаҳои қадимаи халқи тоҷик буд. Иштирокчиён зимни тамошои толорҳои осорхона бори дигар дарк намуданд, ки осорхона на танҳо макони нигоҳдории ашёҳои таърихист, балки оинаи тамаддун, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Осорхонаи миллӣ ҳамчун ганҷинаи таърихи миллат дар тарбияи насли ҷавон, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон нақши муҳим дорад. Чунин чорабиниҳо ҳисси эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва мероси аҷдодиро дар қалби мардум боз ҳам қавитар мегардонанд.