5 ноябри соли 2025 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Конститутсия – далели барҷастаи маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик» баргузор гардид. Дар ҳамоиши тантанавӣ сардори Хадамоти иҷро, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Аҳтам Абдуллозода, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод, кормандону намояндагони Хадамот ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Чорабинии идонаро сардори Хадамоти иҷро муҳтарам Аҳтам Абдуллозода оғоз бахшида, кормандону иштироккунандагонро бо ин рўзи фархунда табрик намуда, қайд карданд, ки таҷлили 31-умин солгарди Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 31 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшид.
Бо итминон метавон изҳор дошт, ки Ҳукумати кишвар бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари қабули Конститутсия фаъолияти худро дар асоси талаботи он ба роҳ монда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мунтазам иқдомҳои созандаро роҳандозӣ намуд.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯйи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамзамон муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод, кормандони Хадамоти иҷро ва Иттифоқи нависандагон доир ба нақши волои Конститутсия дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва муайянкунандаи роҳи имрӯзу ояндаи мардуми тоҷик маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуда, зикр доштанд, ки шоҳкитоби миллати тоҷик - Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки асари нодири маданияти сиёсию маънавӣ мебошад, ки он реша дар таърихи пурарзиши давлатдории тоҷикон дорад ва таҷассумгари тафаккури созанда, фарҳанги волои ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии инсонпарваронаи халқи тоҷик аст.