САҲМИ КВД “ЭКСПЕДИТСИЯИ ИКТИШОФИ ГЕОЛОГИИ ПОМИР” ДАР ОМӮЗИШИ ҚАЪРИ ЗАМИН ВА ТАҲКИМИ ЗАМИНАИ АШЁИ ХОМИ КИШВАР
Дар замони муосир, ки рушди иқтисоди миллӣ бештар ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва тавсеаи иқтидори саноатӣ вобаста аст, соҳаи геология ҳамчун яке аз бахшҳои муҳимми иқтисодиёт аҳаммияти махсус касб намудааст. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки дорои захираҳои бойи канданиҳои фоиданок буда, омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳо барои рушди устувори иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва таҳкими амнияти иқтисодии мамлакат нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти омӯзиши қаъри замин ва кашфи конҳои нави маъданӣ аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа маҳсуб меёбад.
Корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир» фаъолияти худро дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ба роҳ монда, ҷиҳати омӯзиши геологии қаъри замин, ҷустуҷӯ ва арзёбии захираҳои канданиҳои фоиданок, таҳкими заминаи ашёи хоми кишвар ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таҳқиқотӣ корҳои назаррасро анҷом дода истодааст. Коллективи корхона бо дарки масъулияти баланд ва эҳсоси ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда фаъолияти пурсамар дошта, дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми арзанда мегузорад.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 мутахассисони экспедитсия дар доираи объектҳои буҷавӣ ва шартномавӣ як қатор корҳои муҳимми илмӣ-тадқиқотӣ, геологӣ, камералӣ ва саҳроиро анҷом дода, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат заминаи мусоид фароҳам оварданд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти корхона корҳои ҷустуҷӯӣ ва ҷустуҷӯию баҳодиҳӣ дар майдони маъдании тиллову нуқраи Бачор мебошад. Ин минтақа ҳамчун яке аз мавзеъҳои дорои дурнамои баланди маъданнокӣ таваҷҷуҳи мутахассисонро ба худ ҷалб намудааст.
Дар доираи корҳои иҷрошуда харитаҳои топографии минтақа пурра рақамикунонӣ гардида, таҳқиқоти минералогӣ ва рентгенофазавӣ гузаронида шуданд. Барои омӯзиши таркиби минералӣ аз намунаҳои штуфӣ таҳлилҳои махсус анҷом дода шуда, мавҷудияти минералҳои галенит, англезит, сфалерит, сидерит ва дигар минералҳои ҳамроҳ муайян гардид. Ҳамзамон, дар натиҷаи таҳлилҳои шлихӣ аз як қатор намунаҳо нишонаҳои тилло ошкор шуданд, ки аз дурнамои баланди минтақа барои идомаи корҳои ҷустуҷӯӣ шаҳодат медиҳанд. Ин натиҷаҳо барои муайян намудани самтҳои ояндаи корҳои саҳроӣ ва гузаронидани корҳои кӯҳӣ дар минтақаҳои умедбахш заминаи илмӣ фароҳам оварданд.
Имрӯз рушди геологияро бе истифодаи таҷҳизоти муосири илмӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дарназардошти ин, мутахассисони экспедитсия дар фаъолияти худ аз имкониятҳои техника ва технологияҳои пешрафта васеъ истифода мебаранд. Барои омӯзиши таркиби минералогии намунаҳо микроскопи электронии сканкунии JEOL JSM-IT200 ва дифрактометри рентгении ДРОН-3 мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ин таҷҳизот имконият медиҳанд, ки хусусиятҳои минералӣ ва сохтории намунаҳо бо дақиқии баланд муайян карда шаванд. Айни замон натиҷаҳои таҳлилҳои микрозондӣ мавриди коркард қарор дошта, баъди ҷамъбасти пурра дар ҳисоботҳои илмӣ ва истеҳсолии корхона пешниҳод мегарданд.
Дар баробари корҳои иҷрошаванда дар минтақаи Бачор, корҳои омодагӣ дар асоси барномаи “Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти тиллои Рангкӯл» ва низ босуръат идома доранд. Дар ин самт харитаҳои электронии маводи воқеӣ тартиб дода шуда, барои пармачоҳҳои пешбинишуда супоришҳои техникӣ-геологӣ омода гардиданд. Маводи геологии мавсими саҳроии соли 2025 пурра коркард шуда, тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гузаронидани корҳои ҷустуҷӯию баҳодиҳӣ, корҳои кӯҳӣ ва пармакунӣ омода гардидаанд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки корҳои саҳроии навбатӣ дар сатҳи баланд ва бо натиҷаҳои самаранок анҷом дода шаванд.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти корхона омодасозии лоиҳаҳои нави геологӣ барои солҳои минбаъда мебошад. Бо ҳамин мақсад корҳои таҳияи лоиҳаҳои нави геологӣ дар зуҳуроти тиллову нуқраи Пшарти Ғарбӣ ва майдони маъдании магматикии мису никели Ғумас оғоз гардидаанд. Лоиҳаи Пшарти Ғарбӣ дар асоси омӯзиши ҳамаҷонибаи маводи фондии геологӣ таҳия шуда, пурра ба анҷом расидааст. Ҳамаи харитаҳо ва нақшаҳои лоиҳавӣ рақамикунонӣ гардида, рӯзҳои наздик лоиҳа барои баррасӣ ба мақомоти дахлдори соҳа пешниҳод карда мешавад. Татбиқи чунин лоиҳаҳо барои кашфи конҳои нав ва таҳкими заминаи ашёи хоми кишвар аҳаммияти калон дорад.
Дар баробари фаъолияти истеҳсолӣ ва илмӣ, корхона ба корҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Осорхонаи геологии экспедитсия дар муаррифии сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати геологии ҷомеа саҳми назаррас дорад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони осорхона корҳои зиёдеро ҷиҳати ба низом даровардани коллексияҳои минералӣ ва таҷдиди нишонаҳои намунаҳо анҷом дода, барои меҳмонон ва хоҳишмандон экскурсияҳои омӯзишӣ ташкил намуданд. Боздиди гурӯҳҳои гуногуни меҳмонон аз осорхона нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба омӯзиши таърихи геология ва сарватҳои табиии кишвар рӯз ба рӯз бештар мегардад.
Дар моҳи феврал рӯзноманигорони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» аз фаъолияти осорхона боздид намуда, дар бораи таърихи он ва намунаҳои нодири минералӣ гузориш таҳия карданд. Зимни суҳбат саргеологи экспедитсия М. Мираков оид ба таърихи таъсисёбӣ, фаъолияти илмӣ ва аҳаммияти осорхона дар тарбияи насли ҷавон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Айни замон корҳои омодагӣ ба мавсими саҳроии соли 2026 ба анҷом расидаанд. Ба минтақаҳои Бачор ва Рангкӯл тамоми маводи зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти техникӣ, воситаҳои пармакунӣ, лавозимоти хоҷагӣ ва маҳсулоти ғизоӣ интиқол дода шудаанд. Тибқи нақша, корҳои саҳроӣ аз рӯзҳои аввали моҳи июн оғоз гардида, гурӯҳҳои геологи ро ба минтақаҳои тадқиқотӣ сафарбар мекунанд. Натиҷаҳои ин корҳои саҳроӣ барои муайян намудани дурнамои минтақаҳои нави маъданнок ва афзоиши иқтидори захиравии кишвар аҳаммияти калон хоҳанд дошт.
Имрӯз фаъолияти геологҳо танҳо омӯзиши қаъри замин нест, балки сармоягузорӣ ба ояндаи иқтисодии давлат мебошад. Ҳар як кашфиёти нав метавонад барои таъсиси истеҳсолоти нав, ҷалби сармоягузорӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир» дар роҳи омӯзиши сарватҳои зеризаминии мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон аҳаммияти бузург дошта, натиҷаҳои бадастомада аз иқтидори баланди мутахассисони соҳа ва дурнамои неки рушди геологияи ватанӣ шаҳодат медиҳанд.
М. МИРАКОВ,
саргеологи Корхонаи воҳиди давлатии
«Экспедитсияи иктишофи геологии Помир»