Дарсҳои омӯзишии Micromine баргузор гардиданд
Аз 6 то 10 июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дарсҳои омӯзишии барномаи муосири Micromine баргузор гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории ин дарсҳо баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи экспертҳои Комиссия дар самти истифодаи технологияҳои муосир ҳангоми омӯзиш, моделсозӣ ва ҳисобкунии захираҳои канданиҳои фоиданок мебошад.
Дарсҳоро намояндаи ширкати Micromine дар Ҷумҳурии Узбекистон Станислав Совин гузаронида, иштироккунандагонро бо имкониятҳои васеи барнома, усулҳои коркарди маълумоти геологӣ, сохтани моделҳои конҳо ва усулҳои муосири ҳисобкунии захираҳо шинос намуд.
Дар шароити рушди босуръати соҳаи кӯҳкорӣ ва истихроҷи маъданҳо истифодаи технологияҳои рақамӣ аҳаммияти муҳим дорад. Барномаҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла Micromine дар тамоми марҳилаҳои омӯзиш ва азхудкунии конҳо — аз ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти ибтидоӣ то сохтани моделҳои сеандоза ва муайян намудани ҳаҷми захираҳо нақши калидӣ мебозанд.
Яке аз бартариҳои муҳими барнома имконияти истифодаи усулҳои геостатистикӣ мебошад, ки барои ба назар гирифтани хусусиятҳои тағйирёбандаи сохтори геологии конҳо мусоидат мекунад. Ин омил ба баланд шудани дақиқии ҳисобҳо ва коҳиш додани хавфҳо ҳангоми қабули қарорҳои соҳавӣ мусоидат менамояд.
Иштироккунандагони дарсҳо инчунин бо имкониятҳои пешниҳоди маълумот дар шакли харитаҳо, буришҳои геологӣ ва моделҳои сеандоза шинос шуданд, ки барои таҳлили амиқтар ва ҳамкории самараноки мутахассисон шароити мусоид фароҳам меорад.
Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти геологӣ қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сифати таҳқиқот, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва рушди устувори соҳаи кӯҳӣ мебошад.
Маркази матбуот