РЕЗААХБОР
доир ба фаъолияти Саридораи геологияи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар нимсолаи якуми соли 2026
Душанбе – 2026
Самти корҳо ва нишондодҳои иқтисодӣ
Саридора дар нимсолаи якуми соли 2026 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиқ шудааст, амалӣ намуд. Корҳои омӯзиши геологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 30 лоиҳаи омӯзиши геологӣ ва 7 лоиҳаи нигоҳдорӣ корҳо ба маблағи 8787,5 ҳазор сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда шуд.
Корҳои шартномавӣ ва корҳои пудратӣ аз рӯи 140 лоиҳа ба маблағи 15401,6 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд.
Дар маҷмуъ корҳо бо усули хоҷагидорӣ 24189,1 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 – 10126,4 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардид, ки суръати афзоиш 172,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ Саридора ба маблағи 6126,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет андоз супоридааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 – 1862,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар давраи ҳисоботӣ 3373,0 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 – 1197,0 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 воҳидҳои сохтории Саридораи геология корҳои омӯзиши геологиро, ки аз гузаштани хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ бо мушоҳидаи радиометрӣ, аксбардории топографию геологӣ, иктишофи магнитии миқёси 1:10 000, корҳои нақбканӣ, тозакунӣ ва ҳуҷҷатгузории онҳо, маҳакбардорӣ, коркард ва ташхиси маҳакҳо, сохтмон ва барқароркунии роҳ, сохтмони майдончаҳои пармакунӣ, пармакунии пармачоҳҳо ва дигар корҳои ёрирасон иборат буданд, анҷом дода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Натиҷаҳои муҳими ба даст омода дар поён оварда мешаванд:
- дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯи геокимиёвӣ дар ҳудуди варақаҳои J-42-44 -В, J-42-45- А, J-42-45- Б, J-42-33- В, 8 адад аномалияҳои унсурҳои химиявӣ (тилло, сурбу руҳ, мис, хром, фосфор) дар ореолҳои якумин ва дуюмин муайян карда шуданд;
- тибқи лоиҳаи “Корҳои ҷустуҷӯию арзёбии тиллои обруфт дар майдони маъдандори Оби Сурх” корҳо мусбат анҷом ёфта, ҳисоботи иттилоотӣ бо ҳисоби захираи тиллои пошхурда таҳия гардид ва пас аз баррасӣ ва тасдиқ гардидан ба Фонди иттилооти геологӣ супорида шуд.
- дар натиҷаи гузронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар зуҳуроти миси Санги Сурх, аз рӯйи натиҷаҳои ташхиси ҷазби атомӣ ва пробирӣ дар қитъаи Чапи Санги Сурх қабатҳои маъдани мис бо ғафсии аз 2 то 20 м бо файзнокии 0,26% - 0,55%, қабатҳои тиллою нуқрадор бо ғафсии аз 1 то 9 м бо файзнокии тилло -0,24 - 0,85г/т ва нуқра 1,9 - 2,93 г/т ҷудо карда шуданд. Дар қитъаи Рости Санги Сурх ғафсии қабати маъдани мис то 2м ва тилло то 1 м –ро ташкил дода, файзнокии мис 0,23% - 0,42%, тилло 0,34 -0,7 г/т ва нуқра 1,8 г/т-ро нишон дод;
- корҳои дар зуҳуроти волфраму молибдени Ангишт гузаронидашуда чунин натиҷагирӣ шуданд: дар қисми марказии зуҳурот танаи маъданӣ ба тӯлкашии 190м бо ғафсии он аз 1м то 4 м, файзнокии тилло аз 0,5 то 3,7 г/т муайян карда шуд. Дарозии танаи маъдании волфрамдор 300 м бо бари 5,76 м буда, файзнокии сеоксиди волфрам 0,97%-ро ташкил дод. Дар қисми шимолии зуҳурот як фосилаи маъданӣ бо ғафсии 1м ва файзнокии тилло 0,5- 1,05г/т, дар самти ғарбӣ як фосилаи маъдании ғафсиаш 1м бо файзноки 0,5г/т тилло муайян гардиданд. Натиҷаҳои ба дастомада ояндадории зуҳуротро нисбат ба волфрам ва тилло тасдиқ намуданд. Дар объект корҳо идома дошта омӯзиши давраҳои минбаъда хусусияти пурраи зуҳуротро муайян менамояд;
- дар зуҳуроти ванадийи Гаут аз рӯи натиҷаҳои корҳои гузаронидашуда 3 танаи маъданӣ ҷудо карда шуданд: танаи маъдани Шимолӣ бо ғафсии миёнаи 44м, тӯлкашии 140м, Марказӣ - ғафсии миёнаи 26,5м, тӯлкашии аз 68м то 126м ва Ҷанубӣ - ғафсии миёнаи 72,33м, тӯлкашии 135м. Инчунин ду апофизаи нав ҷудо карда шуд: дарозии апофизаи 1- 74м, ғафсиаш 11м ва дарозии апофизаи 2-109м, ғафсиаш 5м мебошанд Файзнокии миёнаи панҷоксиди ванадий дар танаҳои маъданӣ аз 0,18% то 0,376% тағйир меёбад. Ин натиҷаҳо аз ояндадории объекти мазкур шаҳодат медиҳанд. Захираи пешакӣ ҳисобнамудаи маъдан дар маҷмуъ дар се танаи маъданӣ 1383480 т бо файзнокии миёнаи панҷоксиди ванадий 0,32% ташкил дод. Соли равон корҳои омодагӣ барои гузаронидани корҳои пармагарӣ идома доранд;
- мувофиқи лоиҳаи «Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти тиллои Рангкӯл» дар давраи ҳисоботӣ корҳои камералӣ ва омодагӣ ба масими корҳои саҳроии соли 2026 анҷом ёфта, гурӯҳи геологӣ аз 26 май ба объекти корӣ сафарбар гардиданд. Дар моҳи июни соли ҷорӣ намуд ва ҳаҷми зерини корҳои геологии саҳроӣ дар қитъаи Чугулдаи Шарқӣ амалӣ шуданд: хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ – 3 км; тозакунии хандақҳо – 208 м3; гирифтани маҳакҳои ҷӯякӣ – 32 м.т; пармакунии пармачоҳи П14/25 - 23 мт; гирифтани маҳакҳои штуфӣ – 4 маҳак; гирифтани нишонаҳо аз ҷинсҳои кӯҳӣ – 2 нишона; сохтмони роҳи мошингард – 450 м3; сохтмони майдончаҳои пармагарӣ - 51,74 м3. Натиҷаи корҳои ташхисии маҳакҳои соли 2025 гирифташуда чунинанд: файзнокии тилло дар 63 маҳак аз 0,1 то 1,86 г/т, нуқра дар 187 маҳак аз 0,1 то 3,3г/т, арсен дар як маҳак -1,43 %, мис ва сурб камтар аз 0,02% дар ҳамаи маҳакҳо муайян шуданд;
- ташхиси маҳакҳои аз объекти майдони Назарайлоқ гирифташуда (300 адад) бо усули ICP-MS натиҷаҳои зайлро нишон доданд: файзнокии миёнаи литий (бо ppm) дар маҳакҳои алоҳида аз 50 то 650, ниобий аз 0,2 то 170, кобалт то 62, торий то 31, лантан то 245, стронсий то 1296, мис то 85, торий то 15, итрий то 50, берилий то 79 ppm баробар аст. Таҳлили пурраи натиҷаҳо ва коркарди онҳо баҳри муайян намудани бузургиҳои маъданнокӣ ва ояндадории металлҳои нодир бо барномаи “QGIS” ва “DATAMINE“ идома дорад. Корҳои саҳроии геологӣ дар объекти мазкур идома дошта, дар давраи ҳисоботӣ намуд ва ҳаҷми корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд: гузаштани хатсайрҳои геологӣ-21 км; гузаштани хандақҳо -68 м3; маҳакбардориҳои ҷӯякӣ -100 маҳак; нуқтавӣ-43 маҳак; шлихӣ -8 маҳак; сохтмони пайроҳа -16,5м3.
Воҳидҳои сохтории саридора дар баробари иҷрои лоиҳаҳои барномавӣ корҳои омӯзиши геологӣ ва бозҳисобкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданокро дар асоси шартнома бо ҷамъияту ширкатҳои «ТВЕА-Душанбе-Саноати кӯҳӣ», «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», «Зарафшон», «Талко Голд», «Анзоб», «Апрелевка» ва ғайра дар объектҳои иҷозатномавии онҳо мунтазам иҷро менамоянд.
Корҳои гидрогеологӣ ва муҳандисӣ-геологӣ
Тибқи лоиҳаи “Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогении геологӣ” дар давраи ҳисоботӣ дар 55 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ба 142 хоҷагӣ пешниҳод барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчонидан дода шуд.
Мувофиқи лоиҳаи “Пешбурди Кадастри давлатии об” дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мушоҳидаҳои аввалия дар 20, такрорӣ дар 42 ва реҷавӣ дар 182 пармачоҳ ва обанборҳо гузаронида шуда, 110 маҳак барои гузаронидани ташхиси химиявӣ гирифта шуд. Таркиби химиявии обҳо муътадил арзёбӣ шуданд.
Тибқи Лоиҳаи “Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ барои бо об таъмин намудани объектҳои тандурустӣ, маориф ва таъминоти иҷтимоии ҷумҳурӣ” дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3 пармачоҳ бо жарфи умумии 294 м парма карда шуданд.
Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ
Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар корхонаҳои воҳидӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз рӯи нақшаҳои пешбурди корҳо ва талаботи бехатарии корҳои иктишофи геологӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар ин давра ягон ҳодисаи нохуш, риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ва қоидаҳои дохилии корхонаҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Кадрҳо
Ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар Саридораи геология ва воҳидҳои сохтории он 602 кормандон (хизматчиёни давлатӣ 45 нафар) кор мекунанд, аз он ҷумла, роҳбарон 100 нафар, мутахассисон 234 нафар ва коргарон 268 нафарро ташкил медиҳанд.
Дар байни кормандони соҳа 309 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ, 13 маълумоти олии нопурра, 126 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус, 154 нафар маълумоти миёна мебошад.
Дар соҳа 180 зан фаъолият мекунанд: аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда 20 нафар, 51 нафар дорои маълумоти олӣ ва 129 нафар дорои маълумоти олии нопурра, миёнаи махсус, миёна ва миёнаи нопурра мебошад.
Шумораи мутахассисони ҷавони то 35 сола 175 нафарро (44 зан, 131 мард) ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ курсҳои омӯзишии Муассисаи давлатии “Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо”-ро тариқи буҷетӣ 15 нафар ва шартномавӣ 5 нафар аз рӯи ихтисосҳои гуногун хатм намуданд.
Робитаҳои хориҷӣ
Дар нимсолаи якуми соли 2026 роҳбарияти Саридораи геология бо намояндагони 12 мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ дар шакли ҳузурӣ ва фосилавӣ мулоқот анҷом дод. Ҳамчунин, дар ин давра лоиҳаҳои Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологияи Покистон оид ба ҳамкориҳои илмию техникӣ, инчунин лоиҳаҳои Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи захираҳои маъдан ва нафту гази Муғулистон дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологӣ таҳия гардида, дар айни замон дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.
Мукотибот
Дар давраи ҳисоботӣ ба Саридораи геология 154 супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 супоришҳои хаттӣ ва протоколи маҷлисҳои назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони он, 319 супориши муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нақша чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 51 нусха аз Протоколҳои маҷлиси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 тавзеҳот аз Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 фармон ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 Амри Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 49 Қарорҳои Маҷлиси Олӣ, Қонун ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32 барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 118 барқияи вазорату идораҳо, 1851 мактуб аз вазорату идораҳо ва ширкатҳо, 778 мактуб аз воҳидҳои сохтории Саридора, 13 ҳисоботи омории муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ, 16 ҳисоботи омории муроҷиатҳои хаттии шахсони ҳуқуқӣ ворид гардиданд.
Ҳамзамон 215 мактуб ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 926 мактуб ба вазорату идораҳо, 482 мактуб ба ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва 462 мактуб ба воҳидҳои сохтории Саридора ирсол карда шуданд.
Натиҷаҳо
Дар Шурои илмӣ-техникии Саридора 66 мавод, аз он ҷумла 31 лоиҳа ва 35 ҳисобот баррасӣ карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 мавод қарор дошт, ки аз онҳо ҳисоботи геологии кони тилло -1, оҳан-1, гаҷсанг- 1, мармар -1 адад, конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул - 29 адад, бозҳисобкунии захираҳои конҳо - 5 ҳисобот, азнавҳисобкунии захираҳо -11 адад, афзоиши захираи конҳо - 8 ҳисобот, корҳои бозиктишофӣ -2 адад, ҳисоби фаврии захираҳо -5 адад, омузиши такрорӣ - 2 адад, АТИ -1 ададро ташкил дод.
Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, оҳан, нуқра, сурбу руҳ, волфрам, ангишт, гаҷсанг, мармар, гранит ва канданиҳои фоиданоки маъмул тасдиқ гардида ба тарози давлат гузошта шуданд.
Ҷомеаи меҳнатии Саридораи геология таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти омӯзиши геологии канданиҳои фоиданок дарк намуда, кӯшиш менамояд, ки сифати иҷрои корҳои иктишофи геологиро баланд бардошта, вазифаҳои дар Барнома гузошташударо дар сатҳи баланди касбӣ иҷро ва талаботи афзояндаи иқтисодиёти кишварро ба ашёи минералӣ дар оянда низ таъмин намояд.
Маркази матбуот
Роҳбарият:
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-
Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон;
Муовини якуми сардор- Холзода Исомуддин Гул;
Муовини сардор–Ализода Алимаҳмуд Ғаффор.
Телефонҳо: 221-84-66; 888-08-34-16.