ҶАВОНОН ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА: ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ
Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимми сиёсати давлатии кишвар дар самти таъмини амнияти миллӣ мебошад. Марҳилаи солҳои 2026–2030 ҳамчун пояи асосии татбиқи он барои ташкили низоми муассири пешгирӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ хизмат мекунад. Амалисозии самараноки Стратегия метавонад барои таҳкими сулҳу субот, рушди устувори ҷомеа ва таъмини амнияти шаҳрвандон саҳми назаррас гузорад.
Экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлатҳо ба ҳисоб мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ баҳри муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб сиёсати пайгирона пеш гирифта, бо назардошти таҳдидҳои муосир Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии онро барои солҳои 2026–2030 қабул намуд. Ҳадафи асосии ин ҳуҷҷатҳо ташкили низоми самараноки пешгирии экстремизм, ҳифзи амнияти миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Стратегия ба ташаккули муҳити устувори иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ равона гардидааст, ки дар он сабабҳо ва омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда пешгирӣ карда мешаванд. Дар марҳилаи аввали татбиқ (2026–2030) вазифаҳои асосии он аз фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии татбиқи Стратегия, муаррифии ҳадафу вазифаҳои он ба мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва шарикони байналмилалӣ, таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон, донишҷӯён ва аҳолӣ, баланд бардоштани савияи касбии мутахассисон ва такмили низоми мониторинг ва таҳлил иборат мебошанд.
Дар солҳои 2026–2030 татбиқи Стратегия ба як қатор самтҳои муҳим равона мегардад. Пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, тавассути муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма аҳаммияти калон дорад. Ҳамзамон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги таҳаммулпазирӣ ҳамчун воситаи муҳимми пешгирии ифротгароӣ арзёбӣ мешавад.
Самти дигари муҳим таҳкими ҳамкории байни мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони иттиҳодияҳои динӣ мебошад. Ин ҳамкорӣ барои муайян намудани омилҳои хавфнок ва пешгирии бармаҳали падидаҳои экстремистӣ мусоидат мекунад.
Илова бар ин, Стратегия рушди иқтидори таҳлилӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, омӯзиши равандҳои нави радикализатсия ва мубориза бо таблиғоти ифротгароёнро дар фазои интернет пешбинӣ менамояд.
Нақши ҷавонон дар татбиқи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ мегардад. Зеро ҷавонон нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа буда, дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши муҳим мебозанд. Бо дарназардошти он ки қисми зиёди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, онҳо яке аз гурӯҳҳои асосӣ дар татбиқи Стратегияи мазкур ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, ҷалби ҷавонон ба татбиқи чорабиниҳои пешгирикунанда яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Яке аз вазифаҳои асосии Стратегия баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон мебошад. Ҷавононе, ки дорои донишҳои кофӣ оид ба қонунгузорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва арзишҳои миллӣ мебошанд, камтар ба таъсири ақидаҳои ифротгароӣ ва таблиғоти гурӯҳҳои террористӣ дучор мегарданд. Аз ин лиҳоз, миёни ҷавонон бояд мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шаванд.
Тарбияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ низ яке аз омилҳои муҳимми пешгирии экстремизм мебошад. Ҷавононе, ки таърихи давлат, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои конститутсиониро хуб медонанд, нисбат ба амнияти давлат ва ҷомеа масъулияти бештар эҳсос мекунанд. Дар ин самт баргузории вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва шахсиятҳои маъруф метавонад таъсири мусбат расонад.
Бо рушди технологияҳои рақамӣ шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз воситаҳои асосии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд дорои саводи баланди рақамӣ бошанд, то тавонанд маълумоти дурустро аз маълумоти бардурӯғ фарқ намоянд, ба таблиғоти ифротгароён дода нашаванд ва аз истифодаи манбаъҳои боэътимоди иттилоотӣ баҳра гиранд. Ҳамзамон, ҷавонони фаъол метавонанд дар фазои интернет тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо барои тарғиби сулҳ, таҳаммулпазирӣ, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои шаҳрвандӣ саҳми арзанда гузоранд.
Ҷалби ҷавонон ба фаъолияти ҷамъиятӣ, волонтёрӣ, варзиш, илм, фарҳанг ва соҳибкорӣ низ воситаи муҳимми пешгирии радикализатсия мебошад. Машғулияти самаранок имконият медиҳад, ки ҷавонон қобилиятҳои худро инкишоф дода, вақти холии худро ба корҳои созанда равона намоянд. Дар баробари ин, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳисси масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти ҷомеа тақвият мебахшад.
Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирикунанда аҳаммияти калон дорад. Иштироки ҷавонон дар семинарҳо, мизҳои мудаввар, форумҳо ва барномаҳои омӯзишӣ имкон медиҳад, ки онҳо доир ба роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дониш ва малакаи зарурӣ пайдо намоянд.
Ҷавонон қисми фаъоли ҷомеа буда, саҳми онҳо дар татбиқи Стратегияи мазкур бисёр муҳим мебошад. Баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон метавонад онҳоро аз таъсири ақидаҳои ифротӣ ҳифз намояд. Дар ин самт рушди соҳаҳои маориф, илм, варзиш, фарҳанг ва ташкили машғулияти судманд барои ҷавонон аҳаммияти калон дорад. Нақши ҷавонон дар татбиқи он хеле муҳим мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ, рушди саводи рақамӣ, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳамкории зич бо мақомоти давлатӣ метавонанд ба пешгирии радикализатсия ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа мусоидат намоянд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ҳамчун шарикони фаъоли давлат дар таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намоянд.
Раббонӣ Хушдилов,
муовини сардор-сармуҳандиси КВДҶ «Экспедитсияи
иктишофи геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороиши»