21-уми май роҳбарият ва кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёрати оромгоҳи бунёдгузорони давлатдории тоҷикон — Қаҳрамонони халқи тоҷик Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад рафта, ба рӯҳи поки онҳо эҳтиром гузоштанд.
Ин ибтикор дар пайравӣ ба иқдоми таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 19-уми май як мушт хоки ин фарзандони барӯманди миллатро ба Ватан баргардонданд, амалӣ шуд. Роҳбарият ва кормандони ин мақомоти давлатӣ ҳамчун нишонаи олии садоқат ба таърихи пурифтихори миллат ва заҳматҳои арзишманди ниёгон ба оромгоҳи ин чеҳраҳои мондагори миллӣ гулу гулдастаҳо гузоштанд.
Ҳамчунин, хотираи неки шоирони маҳбуб ва арбобони барҷастаи давлатӣ, илмию фарҳангӣ ва дигар фарзандони фарзонаи миллат, ки дар ин макони муқаддас дафн шудаанд, аз ҷониби кормандон гиромӣ дошта шуд.
Маркази матбуот