Замимаи №3 Бо фармоиши сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « 13 » апрели соли 2026 № 21-Ф тасдиқ шудааст. Дастурамали мансабии сармутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Дастгоҳи марказии Саридораи…
Дастурамали
мансабии сармутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1 Муқаррароти умумӣ
- Номи мансаб: сармутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансуб мебошад.
- Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ тобеъ ва хисоботдиҳанда мебошад.
- Сармутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- сармутахассиси шуъба) аз тарафи сардори Саридораи геология бо дастрасии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
- Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси шуъба, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси пешбари шуъба вогузор карда мешавад.
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ
- Сармутахассиси шуъба бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкурро ишғол менамояд:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадхои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муққадасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ва Саридораи геология;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;
- дигар талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Боби 3. Уҳдадорихои мансабии сармутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ
- Сармутахассиси шуъба дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар фаъолияти шуъба ташкил ва таъмин менамояд;
- муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд;
- дар кори комиссия, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласа, машварат, семинар ва дигар чорабиниҳои Саридора иштирок менамояд;
- аз номи Саридора дар ташкилотҳо аз рўи масъалаҳои ба салоҳияти шуъба дахлдошта, бо фармоиши роҳбарият намояндагӣ менамояд;
- дигар ваколатҳои шуъба, супоришҳои сардори Саридора ва муовинони ӯро иҷро менамояд;
- лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба баррасӣ намуда, хулосаи худро пешниҳод менамояд.
Боби 4. Ҳуқуқҳои сармутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ
- Сармутахассиси шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;
- маводҳои дар ихтиёри Саридора қарордоштаро меомӯзад;
- бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва ё шахсони мансабдор талаб менамояд;
- шуъбаро дар муносибат бо дигар ташкилотҳои низомии саридора намояндагӣ мекунад.
- Сармутахассиси шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти сармутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ
- Сармутахассиси шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;
- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои риоя накардани муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025, №355 “Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ”;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим”;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
Дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- Сармутахассиси шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликият барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Боби 5. Муқаррароти хотимавӣ
- Аз тарафи шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо ба сармутахассиси шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии Дастурамалҳои мансабӣ, нусхаи он супорида мешавад.
- Ҳангоми таҷдиди шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани дастурамали мазкур мегарданд, дастурамал аз нав таҳия ва аз ҷониби сардори Саридораи геология тасдиқ карда мешавад.