ШАРҲИ СТРАТЕГИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ
13-уми апрели соли 2026 дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми саридора Исомуддин Холзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб Розиқзода ва кормандони дастгоҳи марказии саридора доир ба “Шаҳри Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №166)” омӯзиши идоравӣ доир гардид.
Дилошуб Розиқзода зикр кард, ки ҳадафи асосии стратегияи мазкур амалисозии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Қонеъ гардонидани талаботи воқеии ҷавонон, ташаккули иштирок ва фаъолнокии онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ мегарданд.
Инчунин, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба рафти татбиқи стратегияи мазкур ва натиҷаҳои бадастомада маълумот пешниҳод намуд. Дар фарҷом миёни иштирокдорон суҳбати озод сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам пурсамар ба назар мерасад. Ҳар гуна тадбирҳое, ки дар кишвар андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
Маркази матбуот