ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ
Имрӯз, 21-уми ноябри соли 2025 Рӯзи Парчами давлатӣ дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Пеш аз оғози чорабинии тантанавӣ зери унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” аз ҷониби ҷавонон бо мақсади арҷгузорӣ ба парчами миллӣ аксияи тарғиботию ташвиқотӣ баргузор карда шуд. Дар ин аксия ба ҳайати роҳбарикунанда ва тамоми кормандони саридора нишони сарисинагии Парчам ва Парчами миллӣ тақсим карда шуд. Тамоми кормандон ба даст парчам гирифта, муҳаббати худро ба ин арзиши миллӣ ва рамзи давлатдории тоҷик нишон доданд.
Дар як гӯша ҳамчунин намоиши китобҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти
Дар оғози чорабинӣ Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, зикр кард, ки маҳз бо шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳтирому самимият ба муқаддасоти миллӣ таҳким ёфта, Парчами тоҷикон дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мақоми хосса пайдо кард.
Махсус таъкид шуд, ки Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як рамзи пурқувват ва ифтихори миллӣ аст, ки таърихи бой ва маънои амиқ дорад. Он рамзи ваҳдат, сулҳ, худшиносӣ ва истиқлол мебошад ва на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун нишони шинохти Тоҷикистон пазируфта шудааст. Барои ҳар як шаҳрванди тоҷик, парчами миллӣ на танҳо як рамзи давлатӣ, балки як пайванд бо гузаштаи пурифтихор, ваҳдат ва умеди ояндаи беҳтар мебошад.
Бо дарназардошти ин ва ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ, бахусус, насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Парчам ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят намуда, аз давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад. Парчамдори нахустини халқи тоҷик Коваи оҳангар мебошад, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст.
Таърихи парчами Тоҷикистон бо истиқлоли давлатӣ, ки ифодакунандаи фарҳангу таърихи бойи миллат мебошад, алоқаманд аст ва дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Парчами Тоҷикистон на танҳо рамзи давлатӣ, балки аломати ифтихор, воситаи бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳар як қисми парчам — рангҳо ва нишонаҳои он — таърихи пурғановат, суннатҳо ва арзишҳои миллати тоҷикро ифода мекунанд. Тоҷ ҳамчун нишони соҳибихтиёрӣ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи саодат ва шукуфоии миллат ифтихори миллӣ ва ваҳдатро дар байни мардум афзун месозад. Дар заминаи парчам, мардуми Тоҷикистон имконият доранд, ки бо гузаштаи худ пайванданд ва бо ифтихор ба оянда назар кунанд.
Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби парчами миллӣ – рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид. Бори аввал дар тӯли зиёда аз 70 сол, Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлоли давлатӣ соҳиби парчами миллӣ шуд. Давлати Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил парчами худро дорад ва он дар 220 давлати ҷаҳон ҷилва менамояд.
Дар чорабинӣ доир ба таърихи дирафши тоҷикон, нақши Парчам дар давлатдории миллӣ ва ҳифзи он дар ҷаҳони муосир ибрози андеша карда шуд. Инчунин, кормандони ҷавони саридора перомуни Парчам шеърҳо қироат карданд.
Чорабинии маърифатию фарҳангиро барномаи фарҳангии тарранумгари истиқлол, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ шукӯҳи тоза бахшид.
Маркази матбуот